Ноябр 23, 2019 14:27 Asia/Dushanbe
  • Муҷозоти сахт дар интизори иғтишошгарон

Ҳуҷатулислом валмуслимин Раисӣ ; муҷозоти сахте дар интизори иғтишошгарон ва арбобони онҳо хоҳад буд.

Ба нақл аз Форс, раиси қуваи қазоия гуфт ; онҳое,ки аз фазои дағдаға ва хостаҳои мардум суистифода карданд ва дар ҷомиъа иғтишош ва ноамнӣ эҷод карданд ва ба амволи мардум дастандозӣ карданд ва ба амволи умумӣ ва мардум хасорат ворид карданд, бидонанд ва арбобони онҳо ҳам бидонанд муҷозоти сахте дар интизорашон хоҳад буд.

Ҳуҷатулислом валмуслимин Раисӣ гуфт ; амнияти кишвар муҳимтарин масалаи мост ва таҳти ҳеҷ шароите иҷозаи кучактарин ихтилод дар амниятро нахоҳем дод.

Раиси дасгоҳи қазоия идома дод ; кишвари мо имрӯз дар минтақа ба унвони амнтарин кишвар аст ва хуни шаҳидони олиқадр ва исоргар ва ҷонфишониҳои ҷонбозон ва исоргарии хонаводаи шаҳидони азиз пеши рӯи мост.

Раисӣ афзуд ;нисбат ба гоми дуввуми инқилоб бо мадади иллоҳӣ ва илҳом гирифтан аз паёми хуни муттаҳари шаҳидон амал мекунем ва донишҷуёни азиз бидонед,ки ваҷҳаи муштараки васиятномаи ҳамаи шаҳидон ин аст,ки навиштаанд ; мо барои худо рафтем ; Имом ва муқтадои ин низом ва дифоъ аз арзишҳои исломӣ ёдатон наравад, бозмондагон бидонед мабодо вилояти фақиҳ ва арзишҳои инқилоби исломӣ ва иҷроии адолат дар кишварро танҳо бигзоред.

Раиси қуваи қазоия гуфт ; парчами муқовимат ва истодагӣ ва мубориза бо фасод, имрӯз дар дасти мақоми муаззами раҳбарӣ аст ва банда ва имсол банда сарбозони эшон дар ин майдон ҳастем.

Раиси қуваи қазоия ҳамчунин ба муносибати фаро расидани ҳафтаи басеҷ низ гуфт ; басеҷ дорои рӯҳияи омода ва бархурдор аз омодагӣ барои ҳазина кардан аз худ ва ончи дар ихтиёр дорад, дар ҷиҳати рафъи мушкилот ва гурӯҳҳо аз зиндагии мардум аст.

Раиси қуваи қазоия бо баёни ин,ки мақоми муаззами Раҳбарӣ борҳо бар ҳуқуқи ома ва ҳақунос таъкид кардаанд,гуфт; ёдоварӣ, тазакур, эълом ва мутолибаи шумо бисёр муғтанам хоҳад буд; лизо абъоди ин мавзу бояд шинохта ва гуфтмонисозӣ ва мутолиба шавад.