Интишори китоби «Шаҳид Мутаҳҳарӣ - рӯшанфикри таъсиргузор» дар Русия
(last modified Tue, 26 Nov 2019 10:49:25 GMT )
Ноябр 26, 2019 15:49 Asia/Dushanbe
  • Интишори китоби «Шаҳид Мутаҳҳарӣ - рӯшанфикри таъсиргузор» дар Русия

Бо ҳимояти Бунёди Ибни Сино ва ҳамкории Донишгоҳи дӯстии халқҳои Маскав китоби «Шаҳид Мутаҳҳарӣ - рӯшанфикри таъсиргузор» дар Русия чоп шуд. Ин китоб, ки баргузидаи бархе аз осори устоди шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ аст, ба кӯшиши профессор Майсам Алҷанобӣ, устоди барҷастаи Донишгоҳи дӯстии халқҳои Маскав таълиф ва аз сӯйи Борис Норик бо забони русӣ тарҷума шудааст.

Ба гузориши ИКНА, муқаддимаи китоб аз сӯйи Майсам Алҷанобӣ нигошта шуда ва бахшҳое аз китобҳои устод Мутаҳҳарӣ, шомили «Хадамоти мутақобили Ислом ва Эрон», «Ҷаҳонбинии исломӣ», «Таълим ва тарбият дар Ислом», «Илм ва имон» ва «Низоми ҳуқуқи зан дар Ислом» аз ҷумлаи мабоҳисе аст, ки дар ин асар матраҳ шуда ва мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Бунёди мутолиоти исломӣ то кунун осори мутааддиде аз ин мутафаккири барҷастаро бо забони русӣ тарҷума ва чоп кардааст, ки ба унвони намуна метавон ба «Масъалаи ҳиҷоб», «Низоми ҳуқуқи зан дар Ислом», «Таълим ва тарбият дар Ислом», «Достони ростон», «Ҷозиба ва дофеаи Имом Алӣ», «Инсон дар Қуръон» ва “Сайре дар “Наҳҷулбалоға”-ро ном бурд.