Ноябр 26, 2019 16:29 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон бар нобудии комили ҳамаи силоҳҳои атомӣ

Мавзеи усулӣ ва ҳамешагии Ҷумҳурии исломии Эрон, ҳазфи комили ҳамаи анвои силоҳҳои ҳастаӣ ва ҳимоят аз аҳдофи Паймони манъи ҷомеи озмоишҳои ҳастаӣ аст.

Козими Ғарибободӣ, сафир ва намояндаи доими Эрон дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена рӯзи душанбе дар сивупанҷумин нишасти Комиссияи муқаддамотии Паймони манъи ҷомеи озмоишҳои ҳастаӣ, бо таъкид бар ин мавзеи Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд: Таҳаққуқи комили аҳдофи Паймони манъи ҷомеи озмоишҳои ҳастаӣ (Comprehensive Test Ban Treaty) дар гарави тааҳҳуди кишварҳои дорои силоҳи ҳастаӣ ба мафоди он аст.

Муоҳидаи манъи ҷомеи озмоишҳои ҳастаӣ дар 10-уми сентябри 1996 таи қатъномае дар маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб расид.

Кристофер Эшли Форд, раиси бахши амнияти байналмилалии "Андешакадаи Ҳодсен"  мӯътақид аст: Бисёре аз ҷанбаҳои чолишбарангези дунёи ҳастаии имрӯз ношӣ аз навсозии силоҳҳои атомӣ ва таҷдиди рақобат байни қудрати бузург дар масоили ҳастаӣ аст. Аз ин рӯст, ки барои таҳаққуқи аҳдофи ин муоҳидот ва ҳамчунин муоҳидаи манъи тавлид ва густариши силоҳҳои ҳастаӣ, тамои имзокунандагон бояд ба ин муоҳидот пойбанд бошанд.

Дар моддаи 6-уми и муоҳидаи Эн Пи Ти илзомоти қонунӣ ва иқдомоте, ки давлатҳо бояд дар заминаи халъи силоҳи ҳастаӣ мутааҳҳид шаванд, баён шудааст.

Дар моддаи 8-уми  ин муоҳида тасреҳ шудааст, ки ҳар панҷ сол амалкарди ин паймон ба манзури итминон аз ин, ки аҳдофи муқаддима ва мафоди муоҳида ба иҷро дармеояд, баррасӣ шавад.

Бар ин асос дар конфронсҳои баррасии ин муоҳида, дар соли 2000 як санади асосӣ шомили гомҳои амалӣ барои иҷрои моддаи 6-уми Муоҳидаи халъи силоҳи ҳастаӣ бардошта шуд, аммо бо вуҷуди ин тасмимот, конфронсҳои бознигарӣ то соли 2015 муваффақ ба дастёбӣ ба тавофуқ дар мавриди ҳеҷ як аз асноди аслӣ нашуданд.

Муоҳидаи Эн Пи Ти ҳуқуқи тамомии кишварҳои узвро, аз ҷумла дар таҳқиқ, тавлид ва истифода аз энергияи ҳастаӣ барои мақосиди сулҳомез бидуни табъиз ва мутобиқ бо тааҳҳудот дар хусуси фаъолиятҳои ҳастаӣ тазмин кардааст. Аммо иҷрои ин муоҳида ҳамчунон бо табъизҳо ва монеаҳои зиёде мувоҷеҳ аст.

Амрико ба унвони яке аз бузургтарин соҳибони зарродхонаҳои атомии ҷаҳон ва низ ба унвони ҳомии аслии режими саҳюнист, ки садҳо бомбаи атомии хориҷ аз назорати ниҳодҳои зирабти байналмилалӣ дар ихтиёр дорад, дар соли 1946 танҳо мавриди истифода аз бомбаи атомӣ алайҳи аҳдофи инсониро дар тӯли таърих таҷриба кард ва бо фуруд овардани ин силоҳҳои маргбор бар сари инсонҳои бегуноҳ дар шаҳрҳои Херасима ва Нагасакии Ҷопон, садҳо ҳазор нафарро ба коми марг фиристод ва осори мухарриби фаровони зистмуҳитӣ бар ҷо гузошт.