Ҳидояти тими миллии каратэи Русия дар дастони мураббии ҷавони эронӣ
(last modified Tue, 26 Nov 2019 15:49:23 GMT )
Ноябр 26, 2019 20:49 Asia/Dushanbe
  • Ҳидояти тими миллии каратэи Русия дар дастони мураббии ҷавони эронӣ

Мураббии номошнои каратэи Эрон ба унвони сармураббии тими миллии бузургсолони каратэи Русия интихоб шуд.

Ҳусейни Рӯҳонӣ, аз қаҳрамонони пурифтихор ва мураббии номошнои каратэи Эрон дар рақобатҳои каратэи Маскав бо қарордоди яксола то Бозиҳои олимпии соли 2020-и Токио ба унвони сармураббии тими миллии каратэи Русия интихоб шуд ва фаъолияти худро дар ин тим барои роҳёбӣ ба мусобиқоти олимпӣ оғоз кард.

Рӯҳонӣ 17 сол узви тими миллии Эрон буда ва дар ин солҳо мақому медалҳои бисёре барои Эрон ба даст овардааст. Ӯ дар солҳои 2002-2008 як медали тило, як нуқра ва ду бронзи ҷаҳонӣ барои Эрон ба даст овард ва дар бозиҳои осиёии солҳои 2002 ва 2006 низ як медали тило ва як нуқра касб кард. Ҳусейни Рӯҳонӣ ҳамчунин 3 медали бронзи мусобиқоти осиёиро низ касб кардааст. Рӯҳонӣ 7 сол низ масъулияти тими миллии бузургсолони каратэи Эронро бар уҳда дошт ва муваффақ шуд, беҳтарин натоиҷро барои каратэи Эрон ба даст оварад ва бо ин тимро ба яке аз тимҳои қудратманди дунё табдил кунад.