Ҳамсӯии се кишвари аврупоӣ бо Амрико алайҳи барномаи мушакии боздорандаи Эрон
Ба рағми иддаои Аврупо дар заминаи ҳимоят аз ҳифзи тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ, се кишвари аврупоӣ (Олмон, Фаронса ва Британия) зимни ин ки руйкарди таҳдиди Эронро дар пеш гирифта, мавзеъе ҳамсӯ бо Амрико дар бораи тавонмандии мушакии Эрон, ки моҳияте боздоранда дорад иттихоз кардааст.
Дар ин росто аъзои се кишвари аврупоӣ рӯзи чаҳоршанбе 4 декабр дар иқдоме ҳамсӯ бо Амрико дар номае ба Антонио Гутереш Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид муддаӣ шуданд бархе аз мушакҳои Эрон бо қатъномаи 2231 Шурои Амнияти ин созмон ноҳамхон аст. Се кишвари аврупоӣ дар ин нома ба Гутереш тавсия карданд дар гузориши баъдии худ дар бораи барномаи мушакии Эрон ин мушакҳоро дар таноқуз бо мафоди қатъномаи 2231 Шурои Амният муаррифӣ кунад. Ин кишварҳо пеш аз ин ҳам ин иддаоро матраҳ карда буданд, аммо ба далели адами интибоқи он бо матни қатъномаи 2231 натавонистанд Шурои Амниятро ба судури қатънома ё баёния розӣ кунанд. Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон эълом кардааст, касоне, ки бо БАРҶОМ ошно ҳастанд медонанд партоби мушаки моҳворабар тавассути Эрон ва озмоишҳои мушакӣ нақзи қатъномаи 2231 нестанд.
Амрико ва муттаҳидони аврупоиаш, ки ҳамвора ба дунболи инҳисори технологиҳои пешрафта барои худ ҳастанд, муддаӣ ҳастанд иқдоми Эрон дар заминаи озмоишҳои мушакӣ дар таноқуз бо қатъномаи 2231 Шурои Амният аст. Ин дар ҳолест, ки зарродхонаи мушакии Эрон дорои моҳияти дифоӣ буда ва дар ростои Доктринаи боздорандаии Эрон эҷод шуда ва озмоишҳои мушакии Эрон низ ба манзури баланд бардоштани тавонмандии мушакҳои болстик анҷом мешавад. Асосан яке аз хостаҳои аслии Амрико, ки акнун аврупоиҳо низ бо он ҳамдостон шудаанд ва дар чорчуби шартҳои 12 гонаи Майк Помпео вазири умури хориҷаи Амрико дар майи 2018 матраҳ шуд таваққуфи барномаи мушакии Эрон будааст ва мақомоти баландпояи амрикоӣ монанди Трамп ва Помпео борҳо дар мавзеъгириҳо ва ё дидорҳои худ бо мақомоти дигар кишварҳо ба вижа се кишвари аврупоӣ бар лузуми таваққуфи тавсеаи мушакии Эрон таъкид кардаанд. Ин дар ҳолест, ки Эрон бо таъкид бар ин ки Доктринаи дифоии он мубтанӣ бар боздорандагӣ ва тадофуӣ аст бар ҳақи худ барои густариши барномаи мушакӣ ҷиҳати дифоъ аз худ таъкид кардааст.
Амрико талош карда, то барномаи ҳастаии Эронро бо барномаи мушакии он пайванд бизанад, лизо давлати Трамп ҳар гуна музокираи дубора барои бозгашт ба БАРҶОМро манут ба иҷрои шарти мадди назараш дар бораи масоили ҳастаии Эрон ба вижа таваққуфи ғанисозӣ ва низ таваққуфи барномаи мушакии Эрон кардааст. Вашингтон муддаӣ аст, ки БАРҶОМ натавониста иқдомоти ҳастаии Эронро маҳор карда ва манофеъ ва хостаҳои Амрико ба вижа дар заминаи эҷоди маҳдудиятҳои ҷиддӣ ба барномаҳои мушакӣ ва сиёсатҳои минтақаии Эронро таъмин кунад. Акнун аъзои се кишвари аврупоӣ ба ҷои талош барои иҷрои тааҳудоти барҷомиашон ба заъми худ дар паи ташдиди фишорҳо алайҳи Эрон барои бозгашти Теҳрон ба иҷрои комили тааҳудоти барҷомӣ ҳастанд ва дар ин замина ҳамсадо бо Амрико барномаи мушакии Эронро баҳонаи ин иқдом қарор додаанд.