Ба ёди ёру диёр он чунон бигирям зор...+видео
Хиёнати саид Ҷаъфари Пешаварӣ комунисти таҷзияталаб ва гуруҳи ҳамроҳаш-фирқаи Демократ- дар солҳои поёнии Ҷанги ҷаҳонии дуввум бо ватанфурушӣ ва хушхидматӣ ба Шуравии комунистӣ ва талош барои таҷзияи Озарбойҷон аз Эрон мояи азоби ҳамешагӣ барои бисёре аз мардумони ин минтақа шуд.
Марҳум Асғари Фардӣ адиб ва пажуҳишгари табризӣ дар сафаре, ки барои барномасозӣ ба Қазоқистон дошт, бо шуморе аз қурбониёни ғоилаи фирқаи Демократ, ки хиёнати ин фирқа онҳоро овораи Қафғоз ва Осиёи Марказӣ ва дигар сарзаминҳои Шуравии собиқ карда буд дидор ва мусоҳиба кард.
Суханони ин пирамард, ки асолати ардабилӣ дошт ва вопасин солҳои умри худро бо ҳасрати маҳаллаи худ дар Ардабил мегузаронд, ибрат барои ҳамагон ва хиффат барои таҷзияталабони худфурухтааст.