Ироқчӣ : Хотимаи ҷанг дар гарави поёни ишғолу хотимаи ҷанг дар Лубнон аст
Порс тудей - Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар нишасти сафирон,кордорон ва раисони намояндагиҳои хориҷӣ ва байналмилалии муқим дар Теҳрон гуфт: Хотимаи ҷанг дар Лубнон бахши ҷудоинопазир аз хотимаи комили ҷанг аст ва хотимаи ҷанг машмӯли хотимаи ишғол ҳам мешавад.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , Аббоси Ироқчӣ- вазири умӯри хориҷаи Эрон дар ин нишаст гуфт : Ҳамон тавр, ки медонед ба далели мушкилоте, ки дар расидан ба як тавофуқ байни мову Амрико ба вуҷуд омад вобаста ба таҷовузи ҷинояткоронаи Амрикову режими саҳюнистӣ ба Эрон , мо ниҳоятан тасмим гирифтем, ки музокиротро ба ду марҳила тақсим букунем .
Ироқчӣ афзуд : Дар марҳилаи аввал мавзӯи хотимаи ҷангу баҳси тангаи Ҳурмуз , муҳосираи дарёӣ ва мавзӯъоте, ки марбут ба бозсозӣ ва ин хел масъалаҳо мешавад музокира букунем ва ба як ёддошти тафоҳум бирасему баъд музокирот идома пайдо кунад ба муддати шаст рӯз то ба як тавофуқи ниҳоӣ бирасем . Дар тавофуқи ниҳоӣ мавзӯъоти ҳастаӣ ва бекорсозии таҳримҳо тасмимгирӣ хоҳад шуд ва мо ба ҷамъбандии ниҳоӣ хоҳем расид.
Вазири умӯри хориҷаи Эрон таъкид кард : Ин масири мо дар музокирот аст. Баъд аз се моҳи музокира, ки аз оғози ҷанг шурӯъ шуд ва то 25 хурдод идома пайдо кард, мо ниҳоятан марҳилаи аввалро тавонистем ниҳоӣ бикунем.
Ироқчӣ хотирнишон кард : Дар марҳилаи аввал муҳимтарин мавзӯе, ки иттифоқ меуфтад эъломи хотимаи ҷанг аст ва бино бар тасмиме, ки мо гирифтем аз субҳи рӯзи душанбе, ки тавофуқ ниҳоӣ шуд , хотимаи ҷанг ҳам эълом шуд , вале шурӯи расмии ин тафоҳумнома аз рӯзи ҷумъа хоҳад буд.
Вазири умӯри хориҷаи Эрон хотирнишон кард : Хотимаи ҷанг дар Лубнон бахши ҷудоинопазир аз хотимаи комили ҷанг аст ва хотимаи ҷанг машмӯли хотимаи ишғол ҳам мешавад ва бидуни ақабнишинии неруҳои исроилӣ аз заминҳое, ки дар ин ҷанг ишғол карда , хотимаи ҷанг комил нашудааст.
Ироқчӣ таъкид кард : Ҳатман ҳар гуна ҳамлаи низомии режими саҳюнистӣ ба Лубнон аз ҳоло ба баъд ва идомаи ишғоли сарзаминҳои Лубнон аз назари мо поймолсозии Ёддошти тафоҳум ба ҳисоб меояд.