Рӯҳонӣ: Эрон омодаи густариши ҳамкорӣ бо Малайзия аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо эъломи омодагии Теҳрон барои густариши ҳамкорӣ бо Куала-Лампур гуфт, Эрон ва Малайзия бояд созукорҳои ҷадидеро барои тавсеаи беш аз пеши ҳамкории муштарак эҷод кунанд.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар дидори Маҳатир Муҳаммад, нахуствазири Малайзия, ки дар ҳошияи иҷлоси Куала-Лампур баргузор шуд, афзуд, тавсеаи равобити иқтисодии Эрон ва Малайзия ба нафъи ду миллат ва ду давлат аст.
Рӯҳонӣ бо баёни ин ки Эрон алоқаманд аст бо Малайзия таҷрибаи муваффақи таърифаҳои тарҷеҳиро барои тавсеаи равобити муштараки тиҷорӣ такрор кунад, гуфт, сармоягузории мутақобил низ бояд дар дастури кори тавсеаи равобити иқтисодии Эрон ва Малайзия қарор гирад.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба ин ки фишори Амрико набояд миллатҳои бузург, аз ҷумла Эрон ва Малайзияро таслим кунад, изҳор дошт, Эрон бо барномарезӣ ва муқовимати мардуми худ, фишори иқтисодии Амрикоро шикаст дод.
Рӯҳонӣ бо баёни ин ки “ҳамаи мо узви уммати Ислом ҳастем ва ҳеҷ фарқе миёни мазоҳиби исломӣ нест, тасреҳ кард, кишварҳои исломӣ бояд дар баробари душманони муштарак бо якдигар муттаҳид шаванд.
Маҳатир Муҳаммад, нахуствазири Малайзия низ дар ин дидор бо баёни ин ки Малайзия таҳти таъсири муқовимати давлат ва миллати Эрон дар баробари фишорҳои Амрико қарор гирифтааст гуфт, Малайзия ва Эрон ба унвони ду кишвари исломӣ метавонанд бо истифода аз зарфиятҳои илмӣ ва иқтисодӣ ба пешрафтҳои бузурге бирасанд.
Рӯҳонӣ ба даъвати Маҳатир Муҳаммад, нахуствазири Малайзия барои ширкат дар иҷлоси сарони кишварҳои исломии “Куала Лампур – 2019” ба ин кишвар сафар кардааст.