Моҳотир Муҳаммад : Исроилиҳо дар оташбас низ дар ҳоли куштор ҳастанд
-
Моҳотир Муҳаммад , нахуствазири пешини Малайзия
Порс тудей - Моҳотир Муҳаммад-нахуствазири пешини Малайзия исроилиҳоро « ҳаюло » ва « бадтар аз ҳайвон » хонд ва гуфт, ки онҳо ҳатто дар оташбас низ дар ҳоли куштор ҳастанд.
Ӯ ҷумъа дар шабакаи иҷтимоии Х навишт : 70 ҳазор фаластинӣ дар Ғазза тавассути Исроил кушта шудаанд. Онҳо ( исроилиҳо ) ҳатто дар давраи оташбас низ дар ҳоли куштор ҳастанд .
Ин исроилиҳо чӣ ҳаюлоҳое ҳастанд. Онҳо бадтар аз ҳайвон ҳастанд.
Моҳотир Муҳаммад афзуд : Онҳо ҳам инак арзаи дору ва ғизо ба Ғаззаро банд кардаанд. Ҳатто пизишкон низ аз вуруд ба Ғазза ва муъоинаи беморону захмиҳо дар бемористонҳое, ки тавассути дадманишҳои исроилӣ вайрон шудаанд, манъ мешаванд. Дунё ҳамаи ин иттифоқотро тамошо мекунад, аммо ҳеҷ коре намекунад, зеро Амрико фаъолона аз ин дадманишиҳои исроилӣ ҳифозат мекунад.