Январ 04, 2020 14:54 Asia/Dushanbe
  • Пайёми таслияти раҳбари инқилоб дар пайи шаҳодати сардор Қосими Сулаймонӣ

Дар паи шаҳодати сардори пурифтихори ислом шаҳид сипаҳбуд ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ ва шаҳидони ҳамроҳи ӯ ба вижа муҷоҳиди бузурги ислом ҷаноби оқои Абумаҳдӣ Алмуҳандис раҳбари инқилоб пайёме содир карданд.

Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ (KHAMENEI.IR) матни пайёмро ба шарҳи зер мунташир кардааст.

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим

Миллати азизи Эрон!

Сардори бузург ва пурифтихори ислом осмонӣ шуд. Арвоҳи тайибаи шаҳидон, руҳи мутаҳҳари Қосими Сулаймониро дар оғӯш гирифтанд. Солҳо муҷоҳидати мухлисона ва шуҷоона дар майдонҳои мубориза бо шайтонҳо ва ашрори олам ва солҳо орзӯи шаҳодат дар роҳи Худо, саранҷом Сулаймонии азизро ба ин мақоми воло расонид ва хуни поки ӯ ба дасти золимтарини башр бар замин рехт. Ин шаҳодати бузургро ба пешгоҳи ҳазрати бақиятуллоҳ арвоҳуно фидоҳ ва ба руҳи мутаҳҳари худи ӯ табрик ва ба миллати Эрон тасият арз мекунам. Ӯ намунаи барҷастае аз тарбиятшудагони ислом ва мактаби имом Хумайнӣ буд, ӯ ҳамаи умри худро ба ҷиҳод дар роҳи Худо гузаронид. Шаҳодат подоши талоши бевақфаи ӯ дар ҳамаи ин солиён буд, бо рафтани ӯ ба ҳавлу қувваи илоҳӣ кори ӯ ва роҳи ӯ мутаваққиф ва баста нахоҳад шуд, вале интиқоми сахте дар интизори ҷинояткороне аст, ки дасти палиди худро ба хуни ӯ ва дигар шаҳидони ин ҳодиса олӯданд. Шаҳид Сулаймонӣ чеҳраи байналмиллалии Муқовимат аст ва ҳамаи дилбастагони Муқовимат хунхоҳи ӯ ҳастанд. Ҳамаи дӯстон ва низ ҳамаи душманон бидонанд хати ҷиҳоди Муқовимат бо ангезаи дучандон идома хоҳад ёфт ва пирӯзии қатъӣ дар интизори муҷоҳидони ин роҳи муборак аст. Набуди сардори фидокор ва азизи мо талх аст, вале идомаи мубориза ва даст ёфтан ба пирӯзии ниҳоӣ коми қотилон ва ҷинояткоронро талхтар хоҳад кард.

Миллати Эрон ёду номи шаҳиди олимақом сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва шаҳидони ҳамроҳи ӯ ба вижа муҷоҳиди бузурги ислом ҷаноби  оқои Абумаҳдӣ Алмуҳандисро бузург хоҳад дошт ва инҷониб се рӯз азои умумӣ дар кишвар эълом мекунам ва ба ҳамсари гиромӣ ва фарзандони азиз ва дигар бастагони ишон табрик ва таслият мегӯем.

Саидалии Хоманаӣ

13 дей моҳи 1398