Пайкари сардор Қосими Сулаймонӣ дар гулзори шуҳадои Кирмон ба хок супурда шуд
(last modified Wed, 08 Jan 2020 06:37:06 GMT )
Январ 08, 2020 11:37 Asia/Dushanbe
  • Пайкари сардор Қосими Сулаймонӣ дар гулзори шуҳадои Кирмон ба хок супурда шуд

Пайкари садор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бомдоди рӯзи чоршанбе, бино бар васияти эшон, дар гулзори шуҳадои шаҳри Кирмон дар ҷануби Эрон ором гирифт.

Ба гузориши ИРНА, хоксупории пайкари сардор сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки асри дирӯз, сешанбе ба иллати издиҳоми ҷамъият лағв шуда буд, бомдоди имрӯз чоршанбе пас аз 40 соли муҷоҳидат ва талош дар роҳи Худо, дар канори ҳамразмони шаҳидаш ором гирифт.

Маросими ташйиъ ва хоксупории пайкари сардор сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, бо ҳузури садҳо ҳазор нафар аз мардуми Эрон ва мақомоти кишварӣ ва лашкарӣ субҳи имрӯз  чоршанбе дар Кирмон оғоз шуда буд.

Рӯзи душанбе низ маросими бошукӯҳи ташйиъ ё намози ҷанозаи сипаҳбуд шаҳид Сулаймонӣ ва ҳамразмони шаҳидаш, бо ҳузури ҳудуди 7 миллион нафар аз мардуми Эрон дар Теҳрон баргузор шуд.

Қабл аз хоксупорӣ, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, бомдоди имрӯз (чоршанбе) дар посух ба амалиёти ҷинояткорона ва террористии нерӯҳои мутаҷовизи амрикоӣ дар террори сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, пойгоҳи ҳавоии низомиёни террористи амрикоии "Айнуласад"-ро даҳҳо мушак ҳадаф қарор дод.

Сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки бомдоди рӯзи ҷумъа (севвуми январ) ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ ал-Муҳандис,ноиби раиси нерӯҳои мардумии Ироқ (Ҳашдушшаъбӣ) ва 8 нафари дигар дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ ба фурӯдгоҳи Бағдоди Ироқ, ба шаҳодат расиданд.