Сентябр 28, 2016 15:11 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бар омодагии рӯзафзуни нерӯҳои мусаллаҳи Эрон

Фармондеҳи муаззами кулли қувои ҷумҳурии исломии Эрон бар лузуми омодагии рӯзафзуни эътиқодӣ, илмӣ ва инзиботии нерӯҳои мусаллаҳ ва интиқоли таҷрубиёти дифои муқаддас ба нерӯҳои ҷавон таъкид карданд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳи муаззами кулли қуво имрӯз дар маросими донишомӯхтагӣ, таҳлиф ва эътои сардушии донишҷӯёни донишгоҳҳои афсарии артиши Эрон дар Донишгоҳи улуми ҳавоии шаҳид Сатторӣ фармуданд: Нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурии исломӣ бояд ҳамвора омода бошанд, то дар замони ниёз битавонанд ба хубӣ нақши худро ифо кунанд .

Эшон бо баёни инки имрӯз миллати Эрон бадалели пофишорӣ бар ислом, истиқлол ва арзишҳои волои худ бо ҷибҳаи васее аз душманон мувоҷеҳ аст, тасреҳ карданд: Даврони дифои муқаддас, озмуне душвор буд, ки дар он ҷавҳараи артиши ҷумҳурии исломии Эрони ошкор ва корҳои барҷаста ва дурахшоне бадасти нерӯҳои ин ниҳод анҷом шуд .

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуданд: Ҷанги таҳмилии ҳаштсола дар воқеъ як ҷанги байналмилалӣ ва таҳоҷуми ҳамаҷонибаи қудратҳои бузург ва дунболаравҳои ҷаҳонӣ ва минтақаии онҳо ба марзҳо, ҳуввият, арзишҳо, низоми исломӣ ва инқилоби миллати Эрон буд .

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ яке аз иқдомоти зарурӣ дар донишгоҳҳои нерӯҳои мусаллаҳи Эронро ошноӣ бо даврони дифои муқаддас ва табини он шароит барои нерӯҳои ҷавон донистанд ва таъкид карданд: Имрӯз ҳамаи дунё аъм аз дӯсту душман, ба азамат, ҳушмандӣ, шуҷоат ва иқтидори миллати Эрон ва низоми исломӣ муътариф ҳастанд .

Фармондеҳи муаззами кулли қуво ҳамчунин аз ришодатҳо ва ҷонфишониҳо ва муҷоҳидатҳои сардорон ва амирони артиши ҷумҳурии исломии Эрон таҷлил карданд .

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин аз ягонҳои ҳозир дар майдони Сон дидан карданд.