Сентябр 28, 2016 18:34 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон: Фаронса яке аз сабабҳои буҳрони Сурия аст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти вазири умури хориҷаи Фаронса гуфт, Париж худ яке аз сабабҳои сар задани буҳрони кунунӣ дар Сурия будааст.

Баҳроми Қосимӣ рӯзи чаҳоршанбе дар вокуниш ба изҳороти вазири умури хориҷаи Фаронса дар нишасти ахири Шӯрои амнияти Созмони Милал дар хусуси Сурия изҳор дошт: Ҳамагон огоҳанд, Фаронса худ яке аз кишварҳое аст, ки бо сиёсатҳои иштибоҳ, сабаби сар задани буҳрон ва печидатар шудани авзои нигаронкунандаи кунунӣ дар Сурия шудааст.

Сухангӯи вазорати умури хориҷа таъкид кард: Нуфузи маънавии Эрон дар кишварҳои минтақа дар ҷиҳати мубориза бо террористҳое ба кор меравад, ки баъзе кишварҳои ғарбӣ, ба вижа Фаронса бо ҷиноёти онҳо аз наздик ошноянд.

Вай тасреҳ кард: Онон бояд то кунун ба ин дарк ва фаҳми ибтидоӣ расида бошанд, ки набояд аз Эрон бихоҳанд ин нуфузро алайҳи муборизони хатти муқаддами мубориза бо терроризм дар ҷаҳон ба кор гирад. 

Қосимӣ тавсия кард: Зарурӣ аст вазири умури хориҷаи Фаронса қабл аз бурузи ҳар гуна эҳсос ва баёни баъзе суханони нораво, қадре ба мутолиаи таърихи таҳаввулоти чанд даҳаи ахири минтақа, ба вижа нақши баъзе давлатмардони вақти ҳоким бар Париж дар ҳимоят аз ҷинояткороне чун Саддом ва мусаллаҳсозии режим мутаҷовиз ӯ дар ҷанги таҳмилӣ алайҳи Эрон ва ишғоли Кувейт бипардозад.

Қосимӣ гуфт: Ин ҷангҳо ва оташафрӯзиҳо бешак аз ҷинояткорони ҷангӣ ва ҳомиёни имрӯзи террористҳо ва хушунатталабони минтақа ва ҷаҳон, тасвири равшане ба даст хоҳад дод.

 

Барчасп