Январ 19, 2020 14:03 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Эрон дар бораи рафтори ғайри одилонаи Аврупо дар БАРҶОМ

Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон гуфт, дар сурати рафтори ғайри одилонаи Аврупо дар истифода аз механизми ҳалли ихтилоф дар БАРҶОМ , Эрон тасмими ҷиддӣ дар ҳамкорӣ бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ мегирад.

Олмон, Англия ва Фаронса сешанбеи гузашта (14 январ) бо интишори баёнияе дар Брюссел, механизми ҳалли ихтилоф дар БАРҶОМ-ро фаол карданд.

Фаол кардани механизми ҳалли ихтилоф ба маънои он аст, ки имкони бозгашти ҳамаи таҳримҳо алайҳи Эрон вуҷуд дорад.

Ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, Алии Лориҷонӣ раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон дар нишасти ошкори рӯзи якшанбеи маҷлис, бо ишора ба иқдоми се кишвари аврупоӣ дар истифода аз механизми ҳалли ихтилоф дар БАРҶОМ тасреҳ кард, яке аз вазирони кишварҳои аврупоӣ бо сароҳат эълом карда, ки Амрико аврупоиҳоро таҳдид кардааст, ки агар аз механизми моша (ҳалли ихтилоф) истифода накунанд, таърафаи воридоти автомабил ба Амрикоро 25 дарсад афзоиш медиҳад.

Лориҷонӣ афзуд, таассуфовар аст, ки Амрико як кишвари қудратманди Аврупоро ба рафторе ҳақоратомез ва ғайри одилона водор кардааст.

Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон ҳамчунин бо ёдоварии бад аҳдии аврупоиҳо дар иҷрои тааҳудоти барҷомии худ гуфт, беш аз як сол аз рафтори хасмонаи Амрико дар масъалаи ҳастаӣ мегузарад ва Аврупо сирфан баёнияи сиёсӣ додааст.

Лориҷонӣ бо таъкид бар ин ки Эрон аҳли таҳдид нест гуфт, Эрон мутаносиб бо рафтори аврупоиҳо, иқдомоти лозимро анҷом хоҳад дод.

Олмон, Британия ва Фаронса баъд аз хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз БАРҶОМ (8 майи 2018) ваъда доданд бо тазмини манофеи иқтисодии Эрон, ин тавофуқро ҳифз кунанд, аммо то кунун ҳеҷ мувафақияте дар иқдомоти амалии ваъда додашуда барои ҳифзи ин тавофуқ касб накардаанд.

Барчасп