Январ 21, 2020 13:59 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии арзишманди гандболи Эрон баробари Кувайт дар мусобиқоти осиёӣ

Тими милии гандболи Эрон дар севвумин дидораш аз рақобатҳои қаҳрамонии Осиё ба дидори тими қудратманди Кувайт мезбони рақобатҳо рафт ва ба бурде арзишманд даст пайдо кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар идома рақобатҳои гандболи қаҳрамонии Осиё ва интихобии Ҷоми ҷаҳонӣ дар Кувайт, тими миллии Эрон дар аввалин дидораш аз марҳилаи дуввуми рақобатҳо ба дидори мезбон рафт ва бо нишон додани як бозии пурқудрат ва тамошоӣ ба бартарии 28 бар 24 расид.

Тими милии гандболи Эрон дар ин мусобиқаи ҳассос ва нафасгир бо касби пирӯзии 28 бар 24 баробари Кувайт гоми муҳимеро дар масири касби саҳмияи Ҷоми ҷаҳонӣ дар Миср бадаст овард.

Миллипушони гандболи Эрон дар идомаи рақобатҳои қаҳрамонии Осиё имрӯз сешанбе ба дидори Қатар яке аз иддаогарони аслии қаҳрамонӣ меравад ва сипас рӯзи панҷшанбе баробари Кореяи Ҷанубӣ дидоре муҳим хоҳад дошт.

Дар марҳилаи дуввуми рақобатҳои қаҳрамонии Осиё, ки дар ду гуруҳ баргузор мешавад 2 тим нахуст роҳии марҳилаи ниманиҳоӣ хоҳанд шуд ва саҳмияи ҷаҳонӣ мегиранд.

Тими миллии Эрон дар марҳилаи гуруҳӣ баробари Зеландияи Нав пирӯз шуд ва баробари Баҳрайн бохт.

4 тими аввали ин рақобатҳо саҳмияи Ҷоми ҷаҳонии 2021 Мисрро касб мекунанд.