Январ 25, 2020 17:17 Asia/Dushanbe
  • Муборизоти ду миллати Эрон ва Ироқ бо истикбор; такрори таърих

Тазоҳуроти миллионии мардуми Ироқ нишон дод таҳдиди Амрико мабнӣ бар таҳрими он кишвар дар сурати иҷрои қонуни ихроҷи низомиёни Вашингтон, абзори пусидае аст, ки наметавонад иродаи давлатҳо ва миллатҳоеро, ки ба дунболи ҳифзи истиқлол ва ҳокимияти миллии худ ҳастанд, таҳти таъсир қарор диҳад.

Алии Шамхонӣ дабири Шурои олии амнияти миллии Эрон рӯзи ҷумъа бо судури паёме хатоб ба марҷаияти олӣ, давлат, маҷлис ва миллати Ироқ бо баёни ин нукта зимни посдошти барпоии тазоҳуроти миллионӣ ва таърихии мухолифат бо ишғолгарии Амрико ва ҳимоят аз истиқлол ва ҳокимияти миллии Ироқ, ин иқдоми арзандаро нишонае аз пештозӣ ва парчамдории мардуми пурифтихори Ироқ дар масири ихроҷи Амрико аз минтақа донист.

Ғарби Осиё дар тули таърихи худ фарозу фурудҳои бисёреро таҷриба кардааст. Таҷрибае, ки гузаштаҳои дур аз даврони сиёсатҳои тафриқа афканонаи истеъморгарон то даврони навини султаҷӯӣ дар қарни 21-ро дар худ ҷой додааст. Сарнавишти миллати Ироқ низ дар масири ҳамин таҷрибаҳои таърих рақам хурдааст.

Амрикоиҳо пас аз ишғоли Ироқ дар соли 2003 барномаи печидаеро бо ҳазинаҳои бисёр боло иҷро карданд. Гоми нахусти онҳо дар ин ҷиҳат бо вуруди Пол Бремер ҳокими амрикоии ғайринизомии Ироқ, ки бар ҳукумати эътилофи муваққати ин кишвар раёсат мекард, бардошта шуд. Вай аз 11 майи 2003 то 28 июни 2004 бар Ироқ ҳоким буд. Аз он замон, Амрико ду барнома шомили "Нуфузи фарҳангӣ-иҷтимоӣ дар канори ҳузури низомиро ба мувозоти якдигар дар ин кишвар тарроҳӣ ва иҷро кард.

Амрикоиҳо саъй доштанд раванди таҳаввулот дар ҳавзаҳои сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ дар Ироқро  дар масири ҳадафҳо ва прожаҳои минтақаии худ мудирият кунанд, аммо дар ин кор муваффақ нашуданд.

Дар воқеъ хатои бузурги Амрико нодида гирифтани руҳияҳои инқилобии миллатҳои минтақааст. Амрикоиҳо борҳо нишон додаанд, ки фаҳми дурусте аз таърихи миллатҳо ва муборизаҳои онҳо надошта ва надоранд ва ин беиттилоӣ ҳамвора як нуқтаи заъфи бузурги онҳо будааст. Таърихи муборизаҳои миллати Ироқ низ аз ин асл дур нест.

Нигоҳ ба гузашта нишон медиҳад дар ҷараёни Ҷанги ҷаҳонии аввал, Британия талош дошт Ироқро, ки таҳти султаи подшоҳии Усмонӣ буд таҳти истеъмори худ гирад, аммо бо вуруди нерӯҳои британияӣ аввалин хезиши зидди истеъмории минтақа алайҳи нерӯҳои истеъморгар бо фатвои марҷаъҳои сокини Наҷаф ва Карбало оғоз шуд ва бо қиёми саросарӣ дар Ироқ доманаи он густариш ёфт. Дар соли 1920 мардуми Ироқ ба фатвои марҷаъҳои динӣ дар баробари ҳузури низомии Англия дар ин кишвар қиём карданд ва он қиём сабаб шуд, ки англисиҳо аз Ироқ хориҷ шаванд. Имрӯз низ таърих ба гунае дигар дар ҳоли такрор шудан аст; танҳо бо ин тафовут, ки Амрико пойи худро ҷойи пойи англисиҳои таҷовузгар гузоштааст;аммо сарнавиште, ки акнун барои Амрико рақам хурда такрори дарсҳои гузаштааст, ки нишон медиҳад дар минтақа ҷое барои бегонагони мутаҷовиз нест.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами иниқлоб; дар бахше аз хутбаҳои намози ҷумъаи ахири Теҳрон бо баёни ҳадафҳои Амрико аз террори ошкори шаҳид Абумаҳдӣ фармондеҳи шуҷои Ҳашад Аш-Шаъбӣ ва сардори бузурги Сипоҳи посдорон шаҳид Сулаймонӣ гуфтанд, онҳо барои таъмини ҳадафи палиди худ дар Ироқ ба дунболи эҷоди фитна, ҷанги дохилӣ ва саранҷом таҷзияи Ироқ ва ҳазфи нерӯҳои муъмин, мубориз, муҷоҳид ва меҳандӯст ҳастанд. Ишон изҳороти вақиҳонаи амрикоиҳо дар баробари ҳукми парлумони Ироқ ба ихроҷи ононро намунае дигар аз ин фитнаангезиҳо хонданд ва афзуданд: онҳо, ки  худро ҳимоятгари демокрасӣ вонамуд мекарданд таоруфро канор гузошта ва мегӯянд мо барои мондан дар Ироқ омадаем ва берун намеравем. Раҳбари муаззами иниқлоб хатоб ба ҳамаи миллатҳои мусулмони минтақа таъкид карданд, дунёи ислом бояд саҳифаи наве бигушояд ва вуҷдонҳои бедор ва дилҳои муъмин, худбовариро дар миллатҳо бедор кунанд ва ҳама бидонанд, ки танҳо роҳи наҷоти миллатҳо, тадбир ва истиқомат ва натарсидан аз душман аст.

Акнун дар ҳоле, ки  аз тасмими парлумони Ироқ мабнӣ бар хуруҷи низомиёни Амрико аз ин кишвар камтар аз як моҳ мегузарад; дуввумин хуруши миллати Ироқ, дар роҳпаймоии миллионии рӯзи ҷумъа дар Бағдод; фарёди безорӣ аз Амрикоро ба гӯши ҷаҳониён расонд.