Январ 27, 2020 12:09 Asia/Dushanbe

Ҳавопаймои масири Теҳрон ба бандари Моҳшаҳр (ҷануби Эрон), субҳи имрӯз ҳангоми фуруд дар фурудгоҳ аз масир хориҷ ва дучори сонеҳа шуд.

Ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, ҳавопаймои Боинг-6936 ширкати ҳавопаймоии Каспиан масири Теҳрон-Моҳшаҳр бо 150 мусофир вақте қасди фуруд дар фурудгоҳи Моҳшаҳрро дошт аз хатти худ хориҷ ва вориди булвори канори фурудгоҳ шуд.

Ин ҳодиса ҳудуди соати 7:30 дақиқаи субҳи имрӯз иттифоқ афтод.

Ба гуфтаи мудири кулли фурудгоҳҳои вилояти Хузистон (ҷануби Эрон) дар ин ҳодиса ба ҳеҷ як аз мусофирон осебе нарасидааст ва ҳамаи мусофирон бо саломат аз ҳавопаймо хориҷ шуданд.

Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки таъхири халабон дар ландинг кардан боис шудааст, ки ҳавопаймо пас аз фуруд аз бонди фурудгоҳ хориҷ ва ба булвори каноир фурудгоҳ ворид шавад.

Барчасп