Баргузории маросими бузургдошти чиҳилуми раҳбари шаҳиди Инқилоб дар мусаллои Теҳрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125434-Баргузории_маросими_бузургдошти_чиҳилуми_раҳбари_шаҳиди_Инқилоб_дар_мусаллои_Теҳрон
Порс тудей - Маросими бузургдошти чиҳилумин рӯзи ташйиъу тадфини пайкари ҳазрати оятуллоҳил-узмо Саидалии Ҳусайнии Хоманаӣ, раҳбари шаҳиди Инқилоби исломӣ , дар мусаллои Имом Хумайнӣ ( раҳ )-и Теҳрон бо ҳузури хайли ошиқони он Имоми шаҳид баргузор шуд.
(last modified 2026-08-19T04:34:44+00:00 )
Август 19, 2026 08:42 Asia/Dushanbe
  • Маросими бузургдошти чиҳилуми раҳбари шаҳиди Инқилоб дар мусаллои Теҳрон
    Маросими бузургдошти чиҳилуми раҳбари шаҳиди Инқилоб дар мусаллои Теҳрон

Порс тудей - Маросими бузургдошти чиҳилумин рӯзи ташйиъу тадфини пайкари ҳазрати оятуллоҳил-узмо Саидалии Ҳусайнии Хоманаӣ, раҳбари шаҳиди Инқилоби исломӣ , дар мусаллои Имом Хумайнӣ ( раҳ )-и Теҳрон бо ҳузури хайли ошиқони он Имоми шаҳид баргузор шуд.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , ин маросим аз сӯи раҳбари Инқилоби исломӣ баргузор шуд .
Илова бар мардуми Эрон , ҷамъи зиёде аз масъӯлони лашкарӣ ва кишварӣ низ дар ин маросими пурфайзу маънавӣ ҳузур доштанд.

Фарзандони раҳбари шаҳиди Инқилоби исломӣ , Муҳаммадбоқири Қолибоф-раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон , ҳуҷҷатилислом Муҳсинии Ижаӣ-раиси қувваи қазоияи Эрон , Муҳаммадризо Ориф-муовини аввали раиси ҷумҳӯри Эрон , ҳуҷҷатилислом Сайидҳасани Хумайнӣ-тавлияти ҳарами Имом Хумайнӣ ( раҳ ) аз мақомоту шахсиятҳои ҳозир дар ин маросим буданд .

Маросими дигаре низ имрӯз, чаҳоршанбе дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсӯма(с а)  дар шаҳри Қум бо ҳузури хонаводаи байти шаҳид баргузор мешавад .
Ҳамчунин маросими бузургдошти айёми чиҳилуми ташйиъи раҳбари шаҳиди Инқилоб аз тарафи раҳбари муаззами Инқилоб , панҷшанбе дар ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо(а) дар канори марқади қоиди шаҳиди Уммат бо ҳузури хонаводаи байти раҳбари шаҳиди Инқилоб баргузор мешавад .