“Муомилаи қарн”: Тавтеае, ки ба зуболадони таърих андохта хоҳад шуд
Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ҳафтаи гузашта аз тарҳи ҷадиде бо номи “муомилаи қарн” бо иддаои поён додан ба муноқишаи Фаластин ва Исроил рӯнамоӣ кард. Тарҳе, ки ба бовари бисёре аз нозирон ба монанди тарҳҳои пешин ва бино ба далоили мушаххас шикаст хоҳад хӯрд.
Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ рӯзи шанбе дар баёнияе бо маҳкум кардани рӯнамоӣ аз тарҳи амрикоӣ - саҳюнистии “муомилаи қарн” таъкид кард, ин тарҳ фарҷоме ҷуз шикаст ва фурурафтан дар зуболадони таърих нахоҳад дошт.
Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, Фаластинро пораи тан ва Байтулмуқаддасро хатти қирмизи уммати исломӣ, тавсиф ва бар зарурати ваҳдат ва якпорчагии мусалмонон дар эъломи нафрат, инзиҷор ва парҳез аз ҳар гуна сукут ва эҳмол дар қиболи тарҳи “муомилаи қарн” таъкид кард.
Дабирхонаи доимии конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластини Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ҳам дар баёнияе тасреҳ кард, бетардид тарҳи “хиёнати қарн”-и Трамп, ҳамонанди тавтеаҳои қаблии Амрико бо муқовимат ва муборизоти миллати Фаластин ва уммати исломӣ ба зуболадони таърих андохта хоҳад шуд.
Тарҳи “муомилаи қарн” дорои абъоди сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳатто таърихӣ аст, ки албатта бо ҳадафи ба фаромӯшӣ супурдани ҳаққи таърихӣ ва ҳувияти миллӣ ва сарзаминии миллати Фаластин тарроҳӣ шудааст.
Салоҳ Абдул Оти, ҳуқуқдон ва мудири маркази мутолиоти сиёсӣ дар Ғаза дар бораи моҳияти “муомилаи қарн” мегӯяд: "намоиши воқеӣ дар таблиғи “муомилаи қарн”, илҳоқи хомӯши арозии Каронаи бохтарӣ ба Исроил(манотиқи ишғолӣ) ва муҳосираи навори Ғаза ва ҷудосозии он аз дигар бахшҳои ватани Фаластин ва фишорҳо бар Ташкилоти худгардон ва гурӯҳҳои миллӣ барои пазириши ин тарҳ аст".
Аммо таҷрубаҳо ва шавоҳиди таърихӣ нишон дода, ки ҳеҷ тарҳе бидуни таваҷҷуҳ ба хосту ирода ва паштивонаи ҳақиқии мардуми Фаластин ҷойгоҳе надорад. Дар миёни ин шавоҳид ду нукта дар баёни далоили шикасти ин тарҳ қобили таваҷҷуҳ аст:
Нуктаи нахуст: Убури ин тарҳ аз ҳуқуқи миллати Фаластин аст, ки дар воқеъ тарафи аслии масъала ҳастанд.
Тарроҳони ин тарҳ бо хатое бузург муртакиби иштибоҳи муҳосиботӣ шудаанд. Онҳо ҷараёни пойдорӣ ва муқовимати миллати Фаластин дар муқобила бо тавтеаҳо ва ноком гузоштани онҳо дар расидан ба аҳдофашонро фаромӯш кардаанд.
Нуктаи дуввум: Муғойир будани мафоди ин тарҳ бо қатъномаҳои СММ ва убур аз қавонини байналмилалӣ дар робита бо масъалаи Фаластин аст.
“Ҳаққи бозгашт” ва “ таъйини сарнавишт” бар асоси муроҷиа ба орои сокинони воқеии сарзамини Фаластин, аз сарфаслҳои муҳимми ҳуқуқи миллати Фаластин аст. Бинобар ин ончиро, ки соҳибони аслӣ ва воқеии сарзамини Фаластин напазиранд, ҳеҷ тарафи дигаре наметавонад барои он машрӯият ва мақбӯлият эҷод кунад.
Таърихи минтақа намоёнгари воқеиятҳои инкорнопазир дар ин раванд аст. Тарҳҳое ҳамчун: "Тарҳи сулҳи Роҷерс","Тарҳи ибтикори Содот 1970-1972", " Конфронси Мадрид","Паймони Осло", “Музокироти Кэмп-Дэвид", "нақшаи роҳ барои сулҳ", " Иҷлоси Шарм-ул-Шайх", " конфронси Аннаполис" ва бисёре дигар аз тарҳҳои ба истилоҳ сулҳхоҳона барои Фаластин, аз ҷумлаи тарҳҳои шискатхӯрда ва ба бойгонӣ сипурда шуда дар бораи Фаластин аст.
Ин тарҳҳо ба далели нодида гирифтани ҳуқуқи фаластиниҳо бо шикасти мувоҷиҳ шудаанд. “Муомилаи қарн” низ аз ин қоида мустасно нест ва маҳкум ба шикаст аст, чун ҳуқуқи фаластиниҳоро ба расмият намешиносад. Яқинан ончӣ дар моҳияти ин тарҳ нуҳуфтааст, кумак ба раванди сулҳ дар Фаластин нест. Дар лояҳои пинҳони тарҳи “муомилаи қарн”, Амрико ба унвони бузургтарин ҳомии режими саҳюнистӣ ба думболи тақвият ва амнияти Исроил аст.
Ин воқеиятҳоро ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоб пеш аз ин, баён кардаанд.
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар баёноте дар дидорм дастандаркоронм ҳаҷ, бо ишора ба тамаркузм душманон барои муқобила бо мусвлмонон бавмжа дар мавзӯм Фаластин хотирнишон карданд: "Акунун амрикоиҳо номи сиёсати шайтонии худ дар бораи Фаластинро «муомилаи қарн» гузоштаанд, аммо бидонанд, ки ба фазли илоҳӣ, ин “муомилаи қарн” ҳаргиз муҳаққақ нахоҳад шуд ва ба кӯрии чашми давлатмардони Амрико, қазияи Фаластин аз ёдҳо нахоҳад рафт ва Қудс, пойтахти Фаластин боқӣ хоҳад монд."