Дидори ҳамоҳангкунандаи олии сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бо вазири умури хориҷаи Эрон
Ҳамоҳангкунандаи олии сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо зӯҳри имрӯз бо вазири умури хориҷаи Эрон дидор кард.
Ба гузориши ИРНА,Ҷозеп Боррел, ҳамоҳангкунандаи олии сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо зӯҳри имрӯз (душанбе) дар маҳалли вазорати умури хориҷа бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дидору гуфтугӯ кард.
Зариф ва Ҷозеп Боррел пас аз як даври гуфтугӯ, даври дуввуми ройзаниҳои худро оғоз карданд.
Ҳамоҳангкунандаи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо имрӯз барои нахустин бор пас аз расидан ба мақоми масъули ҳамоҳангкунандаи олии сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ба Эрон сафар кардааст.
Ройзанӣ дар хусуси БарҶОМ, муносиботи дуҷонибаи Эрон ва Аврупо ва охирин таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ аз мавзӯоти гуфтугӯҳои ин дипломати аврупоӣ дар Теҳрон хоҳад буд.
Боррел бо ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳур ва Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ҳам дидор хоҳад кард.