Феврал 04, 2020 14:30 Asia/Dushanbe
  • Роҳбурдҳои душманон барои зарба задан ба инқилоб аз дидгоҳи Раҳбари инқилоб

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори аъзои Шӯрои олии ҳавзаҳои илмияи Эрон, бо баёни ин ки душман барои шиносоии нуқоти муассири инқилоб ва зарба задан ба мабонии асосии он барнома дорад, гуфтанд: Ҳавзаҳои илмия аз ҷумлаи мақосиди душманон аст.

Миллати Эрон тайи чаҳор даҳа пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ шоҳиди бахши густурдае аз тавтеаҳо аз сӯи душманон буда ва ин раванд ҳеҷгоҳ мутаваққиф нашудааст. Аз ин рӯ мақоми муаззами раҳбарӣ душманшиносиро ҳамвора аз меҳваритарин мабоҳис дар мавзӯи дафъи таҳдидҳо донистаанд.

Нигоҳе ба рухдодҳои гузашта ва ҷараёнҳои ахир нишон медиҳад, ки душманони низоми ҷумҳурии исломӣ барои нобудии Эрон нақшаҳои зиёдеро тарроҳӣ кардаанд.

Мануҷеҳри Муҳаммадӣ, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд:"...Тарҳҳои Амрико зидди Эрон дар се давра дастабандӣ мешавад. Давраи аввал ҷанги сахт аст, ки ҳамон даҳ соли аввали инқилоб буд. Давраи дувум ҷанги нарм буд, ки то соли 1388 ба тӯл анҷомид ва дар ин давра тамоми афкор ва ақоиди миллатро зери суол бурданд. Давраи севум марҳалаи нуфуз аст, ки дар ин давра саъй бар нуфуз дар дастгоҳҳои давлатӣ доранд ва ба тамоми равишҳо саъй карданд аз беруни кишвар ҳаракатҳои азимеро барои нобудии низоми исломӣ анҷом диҳанд”.

Ба иборате дигар бояд гуфт, душманони миллати Эрон равишҳои мухталиферо аз замони пирӯзии инқилоби исломӣ барои зарба задан ба мабонӣ ва пояҳои инқилоб ба кор гирифтанд ва барои барандозии низом тавтеаҳои васееро ба иҷро гузоштанд.

Дар ин росто, ҳувиятзудоии Эрон аз фарҳанг ва боварҳои исломӣ ва тарвиҷи фарҳангу сабки зиндагии ғарбӣ аз ҷумлаи барномаҳои истикбор аст.

Душманон дар амалиёти таблиғӣ ва расонаӣ бо масъаласозӣ ва тарҳи масоили зиёд ва бузургнамоии онҳо вориди ҳитаи амалиёти нарм барои эҷоди тардид ва суст кардани боварҳо ва тағйири зеҳнҳои ҷомеаи Эрон шудаанд.

Дар ин раванд тағйири ҷараёнҳои фарҳангии иҷтимоии ҷомеа ва ҷобаҷоии арзишҳо, тарвиҷи сабки зиндагии ғарбӣ ба ҷойи модели исломӣ ва суст кардани пояҳои боварҳои динӣ аз ҷумлаи роҳбурдҳое аст, ки душманон дар дастури кори худ алайҳи Эрон қарор додаанд.

Душманон дар теорияҳои худ бар ин боваранд, ки ҷомеаи Эрон замоне заиф ва қобили маҳор хоҳад шуд, ки манобеи қудрати инқилобии он назири рӯҳоният, нерӯҳои мусаллаҳ, посдорон, басиҷён ва ниҳодҳову арзишҳои инқилобӣ ва бавижа фарҳанги муқовимат тазъиф шаванд.

Бар ин асос илқои ноумедӣ, ҷудосозии нухбагон ва уламо аз ҳамдигар ва аз низом ва талош барои ҷудосозии мароҷеъро дар дастури кор қарор додаанд.

Душманон дар сададанд бо ин шева ҷомеаро аз боварҳои динӣ ва инқилобӣ, ки аслитарин омили истодагии миллати Эрон дар баробари низом султаи истикборӣ аст, тиҳӣ кунанд.

Саъйи онҳо ин аст, ки аносири пӯё ва пешбарандаро аз ҷомеа бигиранд.

Ин тарҳҳо аз тазъиф ва нокоромадсозии низомӣ то ҳаҷмаҳои нарму сахти душман алайҳи низоми Ҷумҳурии Исломии Эронро шомил мешавад, ки дар ростои тазъифи сармояҳои низом қарор дорад.

Инқилоби исломӣ аммо дар муқобили ин ҷараёнҳо тазъиф нашуда ва бо ҳаракати рӯ ба пеш ба намоди ҷараёни ҳақталабӣ дар арсаи ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ табдил шудааст.

Бо таваҷҷуҳ ба идомаи ин шохиси муҳим ва роҳбурдӣ, душманон барои зарба задан ба Эрон ба дунболи аҳдоф ва нақшаҳои тозае ҳастанд ва яке аз конунҳои аслии ин ҳадаф ҳавзаҳои илмия аст.

Он гуна, ки Раҳбари муаззами инқилоб хотирнишон карданд, ин ҷараён бар асли инқилоб тамаркуз дорад.

Эшон дар бахше аз суханонашон ҳадаф аз инқилоби исломӣ ва ҷонфишонониву фидокориҳои имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ба самар расонидани ин наҳзатро таҳаққуқи ҳокимият ва шариати исломӣ донистанд.  

Таҷриба нишон медиҳад, агар миллате натавонад душманони худро бишносад, душманон дар тамоми лояҳои он ҷомеа нуфуз мекунанд. Аз ин рӯ душманшиносӣ бояд авлавияти нахуст бошад.