Баидинажод: Таҳаррукоти Тони Блэйр барои танишзоӣ шармовар аст
Сафири Эрон дар Англия дар остонаи баргузории нишасти зиддиэронии Шӯрои равобити хориҷии Амрико бо ҳузури нахуствазири пешини Англия гуфт, таҳаррукоти Тони Блэйр барои танишзоӣ шармовар аст.
Шӯрои равобити хориҷии Амрико эълом кард, Тони Блэйр, нахуствазири пешини Англия қарор аст, рӯзи сешанбе дар нишасти зиддиэроние бо унвони "Масири пеши рӯ бо Эрон дар гуфтугӯ бо Тони Блэйр" суханронӣ кунад.
Ҳамиди Баидинажод, сафири Эрон дар Англия шомгоҳи душанбе дар сафҳаи корбарии худ дар “Твиттер” навишт, Тони Блэйр ҳамдасти аслии Амрико дар ҳамла ба Ироқ, ки бар асоси иддаои сохтаи силоҳи куштори ҷамъӣ сурат гирифт, ҳамчунон тарафдори сарсахти сиёсати дахолати низомӣ дар дигар кишварҳост. Баидинажод афзуд, Блэйр аз ҳеҷ талоше барои доман задан ба танишҳои ҷадид ва эҷоди даргирие, ки ҷони миллионҳо инсони бегуноҳро бигирад, фурӯгузор нест. Сафири Эрон дар Англия ҳамчунин бо ишора ба вобастагии молии муассисаи Тони Блэйр ба бархе давлатҳои араби ҳошияи Халиҷи Форс афзуд, Блэйр ба кишварҳои араб барои хариди анвои таслиҳот аз ширкатҳои аслии содиркунандаи силоҳ, бавижа амрикоӣ машварат медиҳад.
Тони Блэйр дар солҳои 1997 то 2007 нахуствазири Англия буд. Блэйр дар афкори умуми Англия ба унвони ҷинояткори ҷангӣ дар ҳамла ба Афғонистон ва Ироқ дар солҳои 2001-2003 шинохта мешавад.
Нашрияи "Санди телеграф" чанди пеш дар гузорише фош кард, Тони Блэйр дар чорчӯби тавофуқе ба арзиши 9 миллион фунт ба давлати Арабистони Саудӣ мушовира медиҳад. Ин тавофуқ миёни муассисаи Тони Блэйр ба номи Маркази тағйироти ҷаҳонӣ ва Риёз дар ҷиҳати ҳимоят аз тарҳи ислоҳоти Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ имзо шудааст.