Феврал 17, 2020 17:08 Asia/Dushanbe
  • Сардор Саломӣ: Эрон ҳайбати сохтагии Амрикоро фурӯ рехт

Фармондеҳи кулли сипоҳ дар мусоҳибаи телевизионӣ бо «Ал Маёдин»эълом кард, посухи Эрон ба Амрико маҳдуд, аммо роҳбурдӣ ва иқдоме комилан дифоӣ буд.

Ба гузориши Форс,Саломӣ дар ин мусоҳиба эълом кард, ки посух ба террори шаҳиди сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, низомӣ ва бояд комилан возеҳ ва шаффоф мебуд то ҳамаи дунё онро мушоҳида кунад,посухи Эрон, ҳайбати сохтагии Амрикоро фурӯ рехт.

Сардор Саломӣ тавзеҳ додааст, ки Эрон бояд амрикоиҳоро дар як нуқта мутаваққиф ва ба онҳо мефаҳмонд, ки бояд дар муқобили Эрон дар ҳисобҳояшон бознигарӣ кунанд.

Вай гуфт, посухи низомии Эрон ба террори шаҳид Сулаймонӣ «роҳбурдӣ» ва «маҳдуд» буд, аммо «қудрат ва тавонмандӣ» Эронро ошкор кард.

Сардор Саломӣ ин посухро дар нуқтаи ҷуғрофиёӣ маҳдуд тавсиф кард, ки «таъсири он ҷаҳонӣ буд». Сардор таъкид кард, ки иқдоми Эрон алайҳи Амрико комилан дифоӣ, машрӯъ ва қонунӣ буд ва ҳаққе буд, ки бояд онро муҳаққақ мекардем.