Феврал 18, 2020 08:32 Asia/Dushanbe
  • Мусоҳибаи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо хабарнигорон

Ҳасани Рӯҳонӣ- раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар чаҳордаҳумин нишасти хабарӣ бо расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба саволҳои гуногуни хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ ;аз музокира бо Амрико то посухи қудратмандона ба ҷинояти террористии Амрико дар террори сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва нигоҳ ба интихобот ва дигар мавзӯъот посух дод.

 Ин мусоҳибаро метавон атрофи се меҳвари муҳим мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

 Меҳвари нахуст; баёни моҳияти истикбории Амрико ва аҳдофе аст, ки пушти ҷараёни фишор ба БарҶОМ қарор дорад.

 Ҳадафи амрикоиҳо аз зарба задан ба БарҶОМ ворид кардани фишори ҳаддиаксарӣ бар асоси муҳосиботи ғалати устувор бар ақибнишинии Ҷумҳурии исломии Эрон ва водор кардани Теҳрон ба музокирае аз навъи таслим шудан дар муқобили хостаҳои зӯргуёна будааст, ки чунин ҳадафе ҳаргиз амалӣ нахоҳад шуд. Суханони дирӯзи раисҷумҳур дар ин бора сареҳ ва қотеъ буд.

 Рӯҳонӣ дар изҳороташ дар чаҳордаҳумин нишасти хабарӣ бо расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ гуфт: Амрикоиҳо фикр мекарданд бо фишори ҳаддиаксарӣ метавонанд моро дар ҳоли заъф пойи мизи музокира бибаранд.

 Вай таъкид кард: Мо бо қудрат, тавонмандӣ ва иззат дар баробари дунё сухани ҳаққамонро ошкоро баён карда ва мекунем, аммо ҳеҷ гоҳ бо заъф пойи мизи музокира нахоҳем рафт.

 Меҳвари дувуми мусоҳибаи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон; нигоҳ ба амният ва чолишҳое аст, ки якҷонбагароии Амрико дар минтақа ба вуҷуд овардааст. Раисҷумҳур дар ин замина ба чанд нуктаи муҳим ва аз ҷумла тарҳи роҳбурдии Эрон таҳти унвони тарҳи "Сулҳи Ҳурмуз" барои барқарории амният дар минтақа ишора кард.

Нигоҳ ба рӯйдодҳое чанд соли ахир дар минтақа нишон медиҳад, ки дар ба вуҷуд омадани танишҳо ва ноамниҳо дар минтақа илова бар Амрико ва режими саҳюнистӣ кишварҳое ҳамчун Арабистон низ нақш доштаанд. Арабистон наздик ба 5 сол аст, ки вориди ҷанги таҷовузкорона бо Яман шудааст. Сиёсати Арабистон дар ин солҳо исрор бар идомаи ин таҷовуз будааст. Аммо ин сиёсат як интихоби ғалат ва пурхароҷот аст. Дар ин ҷанг ҳеҷ пирӯзӣ барои Арабистон вуҷуд надорад. Риёз акнун дар мавзеъи шикаст қарор гирифтааст ва наметавонад ноамниро ба кишварҳои дигар  бор кунад.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Мо ҳамвора ба думболи амният дар ин минтақа будаем ва шаҳид Қосими Сулаймонӣ , ҷузви сардороне буд, ки ба думболи субот ва сулҳ дар минтақаи ҳассоси халиҷи Форс ва ғарби Осиё буд ва ҳамвора дар ин масир талош кард ва охирин талоши ӯ ҳам дар ҳамин масир буд.

 Раисҷумҳур афзуд: Сардор Сулаймонӣ дар масири гуфтугӯ бо нахуствазири давлати Ироқ буд, ки ноҷавонмардона ба шаҳодат расид.

 Бетардид тағйири рӯйкардҳои ғалати гузашта ба нафъи Арабистон ва амнияти ҳамаи кишварҳои минтақа аст.

 Аммо меҳвари севуми мусоҳибаи Рӯҳонӣ бо хабарнигорон, ки бахши қобили таваҷҷуҳе аз пурсиш ва посухҳои чаҳордаҳумин нишасти хабарии раисҷумҳурро ба худ ихтисос дод,мавзӯъи интихобот буд. Интихоботе, ки дар рӯзи ҷумъаи оянда баргузор хоҳад шуд.

 Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин замина дар посух ба иддаои ахири Браён Ҳук дар бораи ин, ки интихобот дар Эрон намоишӣ ва аз пеш тарроҳӣ шудааст гуфт:Демокросӣ дар Ҷумҳурии исломии Эронро воқеитар аз дигар кишварҳои ҷаҳон ҳатто кишварҳои ғарбӣ ва Амрико аст.

Ин воқеиятро  Аббосалии Кадхудоӣ-сухангӯи Шӯрои нигаҳбон низ дар Твиттер  дар сафҳаи шахсии худ дар вокуниш ба изҳороти Браён Ҳук-масъули мизи Эрон дар вазорати умури хориҷаи Амрико, бозёдоварӣ кард ва навишт : Трамп ҳанӯз аз расвоии кумак аз хориҷиҳо барои пирӯзӣ бар рақибони худ раҳо нашуда, ки Ҳук барои интихоботи Эрон нусха мепечад. Болотарин мизони мушорикат дар интихоботи маҷлиси намояндагони Амрико 50.4% ва марбут ба соли 1914 буда! Аз ин ру мардуми Эрон ниёзе ба имлои демокросии амрикоӣ надоранд.

 Таҷрибаи 41 соли гузашта нишон додааст, ки баргузории пуршӯри интихобот ба нафъи Эрон ва ба зарари душманон будааст.Ба ҳамин иллат Амрико ҳамвора хоҳони мушорикати ҳадди ақалии мардуми Эрон дар интихобот будааст. Бо нигоҳ ба ин воқеиятҳо ва суханони раисҷумҳур Рӯҳонӣ дар мусоҳиба бо хабарнигорон метавон ба таҳлили равшан дар нигоҳ ба мавзӯъи муҳимми ин рӯзҳо, яъне интихобот ва таъсири он бар иқтидор ва якпорчагии миллати Эрон расид.