Феврал 22, 2020 17:29 Asia/Dushanbe
  • Поёни интихобот; оғози шумориши маъкус барои эъломи натиҷаҳои интихобот

Рӯзи ҷумъа 2 исфанд (21 феврал) интихоботи ёздаҳумин давраи Маҷлиси Шурои исломӣ баргузор шуд. Ҳамзамон бо ин раъйпурсӣ; интихоботи миёндавраии Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ низ дар бархе ҳавзаҳо анҷом шуд.

Баргузории муназзами интихобот ва муроҷеа ба овозҳои мардум яке аз ифтихороти низоми ҷумҳурии исломӣ аст. Интихобот дар Эрон намоди мушорикат дар тасмимгириҳо дар арсаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст, ки як вазифаи арзишӣ ва ҳаққи қонунӣ ба шумор меравад. Бар ин асос низоми Ҷумҳурии исломии Эрон аз ибтидо бар пояи раъй ва интихоби мардум таъсис гардид ва муроҷеа ба овозҳои мардум, ба унвони рукни мардумсолорӣ дар низоми ҷумҳурии исломӣ дар Қонуни асосӣ мавриди таъкид қарор гирифтааст. Бар ин асос; асл бар сиёнат аз орои мардум ва тақвияти пояҳои низоми мардумсолорӣ аст.

Дар ин интихобот аз миёни беш аз 7 ҳазор довталаби таиди салоҳиятшуда; 290 нафар бо овози мустақими мардум интихоб ва ба унвони намоянда ба Маҷлиси ёздаҳум роҳ хоҳанд ёфт. Акнун бо поён гирифтани марҳилаи раъйгирӣ, кори шумориши овозҳо аз шаби гузашта оғоз шуда ва натиҷаи он ба тафкики ҳар ҳавза ба тадреҷ эълом хоҳад шуд. Чунончи дар ҳар ҳавза номзадҳои интихобот  натавонанд 20 дарсади овозҳои ҳавзаи марбутаро бадаст оваранд; интихобот дар он ҳавза ба марҳилаи дуввум кашида хоҳад шуд.

Масъулон ва дастандаркорони ин интихобот аз моҳҳо пеш талош карданд бо баргузории интихобот бар пояи қонун, ахлоқи сиёсӣ ва ҳуқуқи иҷтимоӣ саломати интихоботро тазмин кунанд.

Интихобот дорои коркардҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аст. Ба ҳамин иллат душман барои камранг кардани ҳузури мардум дар интихобот аз ҳамаи василаҳо истифода кардааст ва ин бор низ ба талошҳои мунфаилонаи худ идома дод. Ин таҳаррукот барои миллати Эрон тозагӣ надорад. Мардум ба таҷриба дарёфтаанд, ки душманон ҳадафҳои мутааддидеро дар ин замина дунбол мекунанд, ки муҳимтарини он тазъифи руҳия ва гирифтани нишот ва пӯёӣ аз мардум аст, аммо ҳаргиз ба ҳадафашон нарасидаанд, зеро мардум бо ҳузур дар пойи сандуқҳои раъй ин фурсатро аз онҳо гирифтаанд.

Ҳамонгуна, ки ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами нқилоб дар баёноти ахирашон таъкид карданд, амрикоиҳо дар ин 40 сол ҳамаи силоҳҳои сиёсӣ, низомӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, расонаӣ ва ҳар иқдоми мумкинро барои соқит кардани низоми исломӣ ба кор гирифтанд, аммо низоми исломӣ на танҳо соқит нашуд, балки ҳазор баробар  қавитар ва дар муқобил Амрико заъифтар аз пеш шудааст.

Мардуми Эрон борҳо бо ҳузури мисол задании худ дар рӯзҳо ва лаҳзаҳои ҳассос ҳузури баҳангоми худро исбот кардаанд ва дар шароити сахт ва дар даврони ҷанги таҳмилӣ ва дар вазъиятҳои сахти сиёсӣ ва ба рағми норизоятиҳои иқтисодӣ ва маишатӣ ба иллати бархе сӯимудириятҳо ва амалкардҳои заъифи давлатмардон ба пойи сандуқҳои раъй омадаанд. Ин фароянд метавонад арсаро барои фаолияти салиқаҳои сиёсӣ ва тарҳи дидгоҳҳои нав ва пуётар дар маҷлис фароҳам созад. Бо таваҷҷуҳ ба ихтиёроти маҷлис, интихоботи аслаҳ аз байни номзадҳо муҷиби таҳаррук ва шитоб бахшидан ба талошҳо ва ироаи роҳкорҳои муассир барои ғалаба бар мушкилот ва қавитар шудани Эрон дар муқобила бо таҳдидҳо ва фишорҳои душманон хоҳад шуд. Ба ҳамин далел раъй ва интихоботи мардум дар ҳамаи арсаҳо сарнавиштсоз аст. Ба иборате дигар дар ҳар давра аз интихобот, ин фурсат барои мардум ба вуҷуд меояд, ки амалкарди намояндагон ва масъулони мунтахаби худро арзёбӣ ва полойиш кунанд. Ин фароянд ба ҷиҳати онки метавонад муҷиби тақвияти пояҳои  мардумсолорӣ ва иқтидори миллати Эрон шавад; дорои аҳамияте роҳбурдӣ аст.

Дар низоми ҷумҳурии исломӣ сарнавишти ҳар интихоботеро мардум рақам мезананд. Ба ин тартиб натиҷаи интихобот тобеъе аз раъйи миллат аст.

Акнун бояд мунтазири натиҷаҳои қатъии ин интихоб буд, то таркиби Маҷлиси ёздаҳум бо таваҷҷуҳ ба салиқаҳои мардум мушаххас шавад.