Эрон; Оинаи заъфҳои низомии Амрико/ Вашенгтон дар гирдоби ҷоҳталабии Тел-Авив
(last modified Sat, 05 Jul 2025 05:00:55 GMT )
Июл 05, 2025 10:00 Asia/Dushanbe
  • Эрон; Оинаи заъфҳои низомии Амрико/ Вашенгтон дар гирдоби ҷоҳталабии Тел-Авив
    Эрон; Оинаи заъфҳои низомии Амрико/ Вашенгтон дар гирдоби ҷоҳталабии Тел-Авив

Порс тудей- Таҳлилгари амрикоӣ гуфт, ки ҳамалоти ахири Вашенгтон ба Эрон нуқоти заъфи санъати дифои Амрикоро намоён кард.

Вашенгтон дар ростои ҳимояти ҳамаҷониба аз режими саҳюнистӣ дар 22 июн ба таъсисоти ҳастаӣ Эрон дар Натанз, Фурду ва Исфаҳон ҳамла кард. Эрон ин таҷовузи Амрикоро ба шиддат маҳкум ва онро нақзи фоҳиш ва бесобиқаи бунёдитарин усули манушри милали муттаҳид ва қавоиди ҳуқуқи байналмилал донист. Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз сомонаи Машриқ, Брондун Донилз таҳлилгари амрикоӣ таъкид кард: Ҳамалоти ахири Амрико ба Эрон нуқоти заъфи санъати диофии Амрикоро намоён кард.

Донилз афзуд: Даргири бо Эрон нишон дод, ки Амрико бояд дар бораи занҷираи таъмини саноъати дифоъи худ бознигари кунад.

Ин фаъоли ҳавзаи ҳуши сунъи бо ишора ба ин ки беш аз 28 ҳазор ширкати амрикоӣ ба фановариҳое вобаста ҳастанд, ки дар сарзаминҳои ишғолӣ тавлид, барузрасони ё нигаҳдори мешаванд афзуд: Бо шуруъи даргирии Исроил ва Эрон фаъолияти ин ширкатҳо бо хатари ихтилол ру ба ру шуд.

Мудиролмили ширкати Эксзигер гуфт: Агар даргирии Исроил бо Эрон ба як ҷанги тамомуаёр табдил мешуд Амрико ночор ба бозтароҳии фаврии занҷираҳои худ барои пуштибони аз сомонаҳои монанди бомбафкани b-2 мешуд.

Донилз бо ишора ба ин ки Амрико фақат тавони таъмини қатаъоти мавриди ниёзи саноъати дифоъи барои чанд руз ё чанд ҳафтаро дорад гутф: Амрико бояд занҷираи таъими худро барои уфуқи 6 моҳа то 6 сола барномарези кунад.

Амрико дар гирдоби ҷоҳталабии Тел-Авив

Дар ҳамин ҳол Диёку Ҳусейнӣ коршиноси аршади равобити байналмилал гуфт: Дуруст аст, ки ба далели қудрати болои лобии яҳудиён дар Вашенгтон, Исроил метавонад тақрибан ҳарчи мехоҳадро дар Амрико амали кунад бо ин ҳол ҳамзамон интиқодоти афкори умумӣ ва давлатмадорони Амрико нисбат ба Исроил ё дасти кам бахи тундравҳои ин режим нисбат ба ду ҳадаи пеш ба мизони қобили тавваҷуҳ ру ба афзоиш аст.

Вай таъкид кард: Агарчи давлати тундрави Тромп ҳомии Исроил аст, аммо мизони интиқодот дар Амрико аз Исроил ва ҳамроҳии давлати Амрико бо он боло аст.

Ин коршиноси сиёсӣ афзуд: Лобии Исроил метавонад ҳамчунон то оянда қобили пешбини Амрикоро ба гирдоби ҷоҳталабиҳои Тел-Авив бикашонад, аммо ҳамзамон ин ҷараёни интиқодии сиёсӣ ва иҷтимоъӣ ҳам дар Амрико дар ҳоли рушд аст.