Феврал 24, 2020 18:09 Asia/Dushanbe
  • Иддаои газофи Помпео дар бораи шиддатёбии фишорҳои таҳримӣ алайҳи Эрон

Давлати Трамп сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эронро дар пеш гирифта ва дар ин росто пас аз хурӯҷ аз тавофуқи ҳастаии БарҶОМ дар маи 2018 шадидтарин таҳримҳоро алайҳи Эрон эҷод кардааст .Барағми бенатиҷа будани ин таҳримҳо Вашингтон ҳамчунон бар афзоиши таҳримҳо таъкид мекунад.

Дар ин росто Майк Помпео-вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи якшанбе 23 феврал дар охирин изҳороташ муддаии ташдиди фишорҳои таҳримӣ алайҳи Эрон шудааст. Вай аз тарҳи густурдаи Амрико барои муқобила бо Эрон ва талош барои бозгардонидани таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи ин кишвар хабар дод. Вазири хориҷаи Амрико таъкид кард, ки давлати Трамп талоши чандманзураеро бо ҳадафи муқобила бо густариши нуфузи Эрон дар саросари минтақаи ғарби Осиё оғоз кардааст, ки аз он ҷумла метавон ба талошҳои Вашингтон дар Созмони Миллал барои тазмини бозгашти таҳримҳои ҷаҳонӣ алайҳи Эрон ишора кард, ки ин амр ба иддаои вай зарбаи маргбори ниҳоӣ ба БарҶОМ-ро ворид мекунад. Помпео тасреҳ кард, ки дар моҳҳои оянда қарор аст ба ҳамроҳи раисҷмҳури Амрико тасмими муҳимме дар бораи матраҳ кардани дархост аз Созмони Миллал барои истинод ба «созукори моша» барои бозгашти маҷмӯае  аз таҳримҳои байналмиллалӣ алайҳи Эрон, ки дар натиҷаи БарҶОМ бекор шуда буданд, дар пеш гиранд. Гарчи Трамп ҳанӯз қарори ниҳоӣ дар бораи «созукори моша» дар Созмони Миллалро қабул накардааст, аммо аз қабл заминаро барои ин иқдомот фароҳам кардааст.

 Давлати Трамп қаблан муддаӣ шуда буд, ки бо эҷоди шадидтарин таҳримҳо дар тӯли таърих алайҳи Эрон , ба пиндори худ Теҳронро водор ба таслим дар баробари хостаҳои дувоздаҳгонаи Амрико, ки Помпео дар маи 2018 матраҳ карда буд, хоҳад кард .Бо ин ҳол муқовимати мисолзаднии мардуми Эрон дар баробари ин таҳримҳо , боиси сардаргумии давлати Трамп шуда ва акнун ба гумони худ қасд дорад, то аз масири наве, яъне эҷоди дубораи таҳримҳои Созмони Миллал алайҳи Эрон аз тариқи фаъол кардани “созукори моша” фишорҳои худ алайҳи Эронро ташдид кунад. Вашингтон қаблан ба муттаҳидони аврупоии худ, яъне сегонаи аврупоии муташаккил аз Олмон , Фаронса ва Бритониё, ки узви гурӯҳи 4+1 ҳастанд фишор шадидеро барои оғози раванди ҳалли ихтилоф дар БарҶОМ, ки метавонад дар сурати ҳаллу фасл нашудани ихтилофот ба фаъолсозии созукори моша бианҷомад, ворид карда буд .Ҳарчанд сегонаи аврупоӣ фароянди ҳалли ихтилоф дар БарҶОМ-ро оғоз кард , аммо пас аз рубару шудан бо вокуниши шадиди Эрон аз ҷумла таҳдид ба хурӯҷ аз NPT , ночор ба ақибнишинm шуда ва замони иҷроӣ шудани ин фарояндро ба таъхир андохт.

 Помпео эътироф карда, ки кишварҳои аврупоӣ ҳамчунон пайванди худ бо БарҶОМ-ро ҳифз кардаанд ва дар мавзӯъи Эрон бо Амрико чандон ҳамсу нестанд ва тавзеҳ дод: «Онҳо асосан мӯътақиданд, ки мондан дар он тавофуқ (БарҶОМ) ба беҳтарин шакл дар ростои манофеъи онҳо аст». Акнун давлати Трамп, ки ҳар ончи, ки дар тавон дошта барои  эҷоди таҳримҳои мухталиф ва густурда алайҳи Эрон ба кор бурда ва дигар таҳриме боқӣ намонда , зоҳиран таваҷҷуҳи худро ба иҷроӣ кардани дубораи таҳримҳои ҳастаии Созмони Миллал алайҳи Эрон равон кардааст .Бо ин ҳол дар ин масир бо мушкилот ва монеъаҳои зиёде рубару хоҳад шуд. Ба вежа ду кишвари Русия ва Чин, ки ҷузъи бахши шарқии гурӯҳи 4+1 маҳсуб мешаванд, бо ҳар гуна бозгашти таҳримҳои Созмони Миллал бо Эрон бишаванд мухолиф ҳастанд. Ба вежа инки Эрон бо таваҷҷуҳ ба гузоришҳои 16-гонаи Ожонси байналмиллалии энергии атомӣ ҳама уҳдадориҳои худро дар мавриди БарҶОМ анҷом дода ва пас аз мувоҷеҳ шудан бо ваъдахилофии аврупоиҳо дар заминаи иҷроӣ кардани уҳдадориҳои худ дар чорчуби БарҶОМ ,ба вежа иҷрои комил ва муассири созукори вежаи мубодилоти молӣ бо Эрон мавсум ба Инстекс , ночор шуд то дар 5 гом раванди коҳиши тааҳҳудоти барҷомии худро амалӣ намояд.

 Масъалаи дигаре, ки Помпео бар он таъкид карда аст,ҷилавгирӣ аз лағви таҳрими низомии Эрон аст, ки тибқи қатъномаи 2231-и Шӯрои амнияти Созмони Миллал дар октябри 2020 ба поён мерасад. Бо наздик шудан ба ин замон давлати Трамп ба такопу афтода, то ба пиндори худ бо таҳрики дигар кишварҳо , заминаи тамдиди таҳрими силоҳии Эронро фароҳам намояд. Аммо дасти Амрико барои эҷоди фишор бар дигар аъзои гурӯҳ 4+1 холӣ аст ва ба вежа Русия бар ҳаққи қонунии Эрон ба манзури муомилоти  силоҳӣ пас аз поёни ин таҳрим таъкид варзидааст.

 Сергей Риябоков-муовини вазири умури хориҷаи Русия дар 26-уми декабри 2019 эълом кард, ки тибқи асли "зарурати вафо ба аҳд" мавзӯъоте, ки дар чорчуби БарҶОМ мавриди тавофуқи Эрон ва тарафҳои дигари барҷом ва тадвинкунандагони муштараки қатъномаи 2231 мавриди тавофуқ қарор гирифтанд, аз ҷумлаи лағви таҳрими низомии Эрон бояд иҷро шаванд. Дар воқеъ Амрико аз тақвияти қудрати дифоии Эрон бимнок аст ва ба ҳамин далел бархилофи қатъномаи 2231 Шӯрои амният , бар хостаи ғайрқонунии худ, яъне тамдиди таҳрими силоҳии Эрон исрор меварзад.