Тааҳҳуди Афғонистон ба Эрон дар заминаи таъмини ҳаққоба
Порс Тудей - Муовини ҳуқуқӣ ва байналмилали вазорати умури хориҷаи Эрон бар ҳамкории ҳукумати Афғонистон барои ҳалли масоили дуҷониба, аз ҷумла ҳавзаҳои обу марз таъкид кард.
Козими Ғарибободӣ, муовини ҳуқуқӣ ва байналмилали вазорати хориҷаи Эрон дар охирин рӯзи сафараш ба Кобул таъкид кард: Дар канори ҳамкориҳои мухталиф бо Афғонистон, дар бархе масоил мисли ҳавзаҳои қазоӣ, интиқоли маҳкӯмин, ҳавзаҳои обу марзҳои муштарак ҳамкорӣ дорем. Вай бо ишора ба муоҳидаи ҳаққоба миёни Афғонистону Эрон, ки дар соли 1351 мунъақид шудааст, гуфт: Дар хусӯси масоили об, баҳси Толоби Ҳомун, баҳси Ҳарируд ва таъмини оби шурби мардум, аз ҷумлаи муъзалоте аст, ки дар ҳавзаи об бо Афғонистон дорем. Ғарибободӣ бо баёни инки ҳамвора тафовути дидгоҳ дар ҳавзаҳои ихтилофии ёд шуда вуҷӯд доштааст, афзуд: Интизори мардуму давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон ин аст, ки шоҳиди ҳамкории комил аз сӯи давлати Афғонистон бошем ва сатҳи ҳамкориҳо низ бояд афзоиш ёбад. /Хабаргузории Садо ва симо