Март 03, 2020 18:46 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар рутбаи дувуми беҳбудёфтагон аз бемории карона дар ҷаҳон

Эрон бо 175 беҳбудёфта аз бемории корона рутбаи дувумро баъд аз Чин дар ҷаҳон дорад.

Ба гузориши “Тасним”, бинобар оморҳои ироашуда, Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Италия то кунун бештарин омори мубталоён ба вируси корона (беш аз 1000 нафар)-ро гузориш кардаанд. Аз миёни 79 ҳазору 827 бемори мубтало ба ин вирус дар Чин 42 ҳазору 42 нафар беҳбуд ёфтаанд, ки ин теъдод беш аз 50 дарсади мубталоёнро шомил мешавад. Ҳамчунин омори маргумири ношӣ аз вируси корона дар кишвари Чин ҳудуди 2870 нафар аст, ки нишондиҳандаи маргумири 3.5-дарсадӣ дар ин кишвар аст. Нигоҳе ба омори беҳбудёфтагони бемории корона дар Кореяи Ҷанубӣ ва Италия низ нишон медиҳад, муваффақияти ин кишварҳо дар дармони беморони мубтало ба ин вирус ба тартиб ҳудуди 0.8 дарсад ва 4.4 дарсад будааст.

Омори беҳбудёфтагони корона дар кишварҳои мухталиф дар ҳолест, ки аз миёни 978 (то 1 март) бемори мубтало ба вируси корона дар кишвари Эрон 175 нафар беҳбуд ёфтаанд, ки беш аз 20 дарсади омори кулли мубталоёнро шомил мешавад. Бинобар ин Эрон пас аз Чин бештарин муваффақиятро дар дармон ва беҳбуди беморони мубтало ба корона доштааст.

Гуфтанист, то кунун 64 кишвари дунё сирояти вируси коронаро ба сарзаминҳои худ гузориш карданд ва ин вирус то ба ҳол боиси ибтилои ҳудуди 86 ҳазор нафар дар ин кишварҳо шудааст. Агарчи вируси корона марги беш аз 2900 нафарро дар ҷаҳон рақам задааст, аммо беш аз 41 ҳазор нафар аз мубталоён ба ин беморӣ дар ҷаҳон дармон шуда ва беҳбуд ёфтаанд.