Март 19, 2020 23:09 Asia/Dushanbe
  • Алии Доӣ бартарин голзани миллии ҷаҳон

Алии Доӣ, голзани устуравии тими миллии Эрон ҳамчунон дар садри ҷадвали бартарин голзанони таърихи дидорҳои миллии футболи ҷаҳон қарор дорад.

Бар асоси тозатарин радабандии Федератсияи Байналмилалии Футбол (ФИФА), аз бартарин голзанони дидорҳои миллӣ, Алии Доӣ аз тими миллии Эрон бо 109 гол дар 149 бозии миллӣ таи солҳои 1993 то 2006 дар садри ин радабандӣ қарор дорад.

Криштиано Роналдо аз Португалия низ бо 99 гол дар 164 бозии миллӣ таи солҳои 2003 то 2020 дар радаи дуввуми бартарин голзанони ттаърихи дидорҳои миллии футболи ҷаҳон қарор дорад.

 

Барчасп