Ҷоми ҷаҳонии 2026; Англия ва Аргентина ба ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд
Июл 12, 2026 12:51 Asia/Dushanbe
-
Дидори тими миллии Аргентина ва Швейтсария
Порс Тудей - Дидорҳои марҳилаи якчаҳоруми ниҳоии рақобатҳои футболи Ҷоми ҷаҳонии 2026 бомдоди якшанбе бо ду бозӣ баргузор шуд ва тимҳои Англия ва Аргентина муваффақ шуданд бо пирӯзӣ баробари ҳарифони худ ба ниманиҳоӣ бирасанд.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Меҳр, бомдоди якшанбе ба вақти Теҳрон тими миллии Англия муваффақ шуд бо натиҷаи 2 бар 1 Норвегияро шикаст диҳад.
Дар дигар бозии марҳалаи якчаҳоруми ниҳоӣ, тими миллии Аргентина муваффақ шуд бо натиҷаи се бар як Швейтсарияро шикаст диҳад ва ба ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ роҳ ёбад.
Пеш аз ин низ тимҳои Испания ва Фаронса тавониста буданд бо убур аз садди ҳарифони худ ба марҳалаи ниманиҳоӣ бирасанд.
Барчасп