Апрел 11, 2020 15:38 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё барои густариши ҳамкориҳо бо Эрон

Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё омодаи густариши ҳамкории иқтисодӣ бо Эрон аст.

Андрей Слепнев, вазири тиҷорати Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар гуфтугӯи телефонӣ бо Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Русия бо таъкид бар ин тамоюл афзоиши ҳаҷми табодулоти тиҷорӣ байни Эрон бо ҳамсоягон ва АвруОсиёро навиддиҳандаи тавсеаи ҳар чи бештари равобити Эрон бо ҳамсоягон ва кулли минтақа донист.

Вазири тиҷорати Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ҳамчунин зимни ҳимоят аз мавзеи Ҷумҳурии исломии Эрон дар ғайримантиқӣ хондани таҳримҳои Амрико ба хусус дар шароити муборизаи ҷаҳонӣ бо вируси корона, афзуд: Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аз иқдомоти Эрон дар мубориза бо корона ҳимоят карда ва омодааст ниёзҳои Эронро дар ин масир ба иттилои кишварҳои узв бирасонад.

Панҷ кишвар; Русия, Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон узви Иттиҳодия иқтисодии АвруОсиё ҳастанд. Ин кишварҳо бо вусъате афзун бар 20 миллион километри мураббаъ масоҳат ва беш аз 183 миллион нафар ҷамъият ; бозоре бузург дар арсаи тиҷорат ва иқтисод башумор мераванд. Аъзои ин иттиҳодия, аз мазиятҳои иқтисодӣ барои тиҷорат бархурдоранд . Дар ҳоли ҳозир, Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳар 5 кишвари узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дорои мувофиқатномаи сармоягузории дуҷониба аст ва заминаи имзои мувофиқатномаи сармоягузорӣ дар АвруОсиё фароҳам аст. Эрон аз моҳи декабри соли гузашта вориди марҳилаи иҷрои мувофиқатномаи тиҷорати тарҷеҳӣ бо Иттиҳодияи АвруОсиё шудааст.

Тасҳили тиҷорат, эҷоди бозори муштарак , ҳазфи тадреҷии қавонини гумрукӣ дар дохили иттиҳодия, ҷо ба ҷоии озоди коло, сармоя, неруи кор ва хадамот дар марзҳои АвруОсиё, барқарории сиёсати муштарак дар заминаи энержӣ, саноат, кишоварзӣ ва ҳамлу нақл , аҳдофи ин иттиҳодияро ташкил медиҳанд.

Таҷрибаи улгӯҳои созмонҳои иқтисодӣ ва тиҷории минтақаӣ нишон медиҳад, ки ҳамкории иқтисодии минтақаӣ дар сурати коромад будан метавонад заминаи таомулоти сиёсиро низ фароҳам кунад. Аз ин дидгоҳ ,ҳамкории Эрон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё , илова бар аҳамияти иқтисодӣ ва тиҷорӣ, бо бистарсозии ҳамгароии минтақаӣ ;таъсири қобили мулоҳизае бар субот ва амнияти иқтисодӣ дорад. Ба вижа он ки беш аз 40 кишвар ва созмони байналмиллаӣ аз ҷумла Чин, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳинд, Миср, Сербистон ва бархе кишварҳои ҳавзаи Амрикои лотин низ барои ҳамкорӣ бо ин иттиҳодия эъломи омодагӣ кардаанд.

Мутолиот нишон медиҳад зарфияти Эрон барои содирот ба ин кишварҳо ҳудуди 20 миллиард  доллар аст.

Муҳсини Покъойин, таҳлилгари масоили Осиё бо ишора ба зарфиятҳои Иттиҳодияи АвруОсиё барои Ҷумҳурии исломии Эрон мегӯяд : Ин иттиҳодия тавони билқувваи бисёре барои рушди сареи иқтисодӣ барои кишварҳои тарафи таомул фароҳам мекунад. Ба воситаи ин зарфиятҳо Эрон дар дарозмуддат метавонад бо онҳо ҳамкорӣ карда ва баҳраварӣ дошта бошад.

Коршиносони иқтисодӣ муътақид ҳастанд, ки ояндаи иқтисоди ҷаҳон дар ин минтақа рақам хоҳад хурд. АвруОсиё аз Чин шуруъ шуда ва ба Туркия муттасил мешавад ва ин минтақа монанди қорраи ҷадиде муташаккил аз кишварҳои муҳимми аврупоӣ ва осиёӣ аст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин мазият; тамоюли ин иттиҳодия ба густариши мубодилоти тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо Эрон фасли ҷадиде аз ҳамкориҳои минтақаӣ аст . Дар шароити феълӣ метавон тамаркузи ин ҳамкориро бар рӯйи ниёзҳои авлавиятдор қарор дод. Эрон ва кишварҳои узви АвруОсиё дар ҷуғрофиёе қарор доранд, ки дар муқобили сиёсатҳои якҷонибаи Амрико истодааст. Аз ин ру гомҳое, ки дар чорчуби тақвияти ҳамкориҳо байни Эрон ва Иттиҳодияи АвруОсиё дар ин мақтаи ҳассос бардошта мешавад посухе ба якҷонибагароӣ ва таҳримҳои Амрико аст. Ин ҳамгароӣ бо убур аз шароити вижаи буҳрони корона қатъан шароити мусоидаттареро барои истифода аз зарфиятҳои Эрон ва Иттиҳодия АвруОсиё фароҳам хоҳад сохт.