Апрел 24, 2020 18:00 Asia/Dushanbe
  • Севумин маҳмулаи кумакҳои давлати Қатар ба Теҳрон расид

Як фарванд ҳавопаймои ҳомили коло ва маводи беҳдоштиву пизишкии эҳдоии давлати Қатар ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷумъа вориди Теҳрон шуд.

Ба гузориши ИРНА, ин ҳавопаймо ҳовии беш аз 15 тон коло ва таҷҳизот аст, ки давлати Қатар барои муқобила бо корона ба Эрон эҳдо кардааст.

Давлати Қатар дар якуним моҳи гузашта ду маҳмулаи дигар аз колоҳои беҳдоштӣ ва пизишкӣ ба Эрон ирсол карда ва ин севумин маҳмулаи кумакҳои Қатар ба Эрон аст.

Амири Қатар сешанбеи 21 апрел дар тамоси телефонӣ бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба ҳамагир шудани вируси корона, зимни орзӯи саломатӣ барои давлат ва миллати Эрон ва ҳамаи мусулмонони ҷаҳон изҳор дошт, бояд бо ҳамкорӣ ва ҳамроҳии якдигар аз густариши ин беморӣ ҷилавгирӣ карда ва бо он муқобила кунем.

Амири Қатар бо ишора ба зарурати густариши равобит ва ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ миёни Эрон ва Қатар, бар талоши масъулони ду кишвар дар ин замина таъкид кард.

Вай бо ишора ба золимона будани таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон гуфт, имрӯз ҷаҳон дар шароити хосе қарор дорад ва муътақидем, дар ин шароит Амрико бояд таҳримҳои худро бардошта ва ҳамаи кишварҳо низ бояд дар чорчӯби шароити ҷадид ҳаракат кунанд.

 

 

 

 

Барчасп