Корона сарбози Ашкониро аз гури чанд ҳазор сола хориҷ кард
(last modified 2020-04-29T06:37:27+00:00 )
Апрел 29, 2020 11:37 Asia/Dushanbe
  • Корона сарбози Ашкониро аз гури чанд ҳазор сола хориҷ кард

Дафни фарди фавтида бар асари Корона дар яке аз рӯстоҳои Мозандарон сабаб ба кашфи гури сарбози Ашконӣ шудааст.

Ба нақл аз ИРНА , дуктур Алии Рамазонии Поҷӣ пажуҳишгари мозандаронӣ гуфт ; ҳангоми дафни яке аз фавтидагони ноши аз бемории Корона дар рӯстои Поҷии шаҳристони Сорӣ ба осори таърихӣ даст ёфтем.

Вай афзуд ; аз онҷо ,ки тибқи пратаколҳои беҳдоштӣ барои дафни афроди фавтидашуда аз бемории Кувиди 19 бояд қабри амиқтаре канда шавад, ҳангоми кандани қабр барои яке аз ин беморон ба як гури бостонӣ расидем.

Ин пажуҳишгари мозандаронӣ афзуд ; бақои склети як инсон, бақоёи як зарфи сафолии шикаста, бақоёи як шамшери оҳанӣ, як тирдон ва як қитъъа шайи оҳании марбут ба абзори ҷангӣ кашф шуд.

Дуктур Алии Рамазонии Поҷӣ идома дод ; бо таваҷуҳ ба типи сохти дашна, шамшер ва тири сепар, ба назар мерасад ин гур марбут ба як сарбози Ашконӣ бошад.

Барчасп