Нигаронии созмони ҷаҳонии беҳдошт аз таъсири корона бар саломати равонии кудакон
-
Нигаронии созмони ҷаҳонии беҳдошт аз таъсири корона бар саломати равонии кудакон
Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар гузориши ба таъсироти манфии густариши корона бар саломати равонии кудакон ва навҷавонон пардохт.
Ба гузориши ИРНА, созмони ҷаҳонии бедошт дар гузориши содиршуда аз дафтари минтақаӣ он дар Аврупо эълом кард ин бемори ба вижа дар равони кудакони табақоти маҳрум, ки мактабҳои онҳо дар замони муддати зиёд таътил ва дар хона ва мактаб фоқиди ҳимоят буданд таъсироти мутафовити гузошта аст.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт таъкид кард бояд бар ниёз ба дахолати ҳадафманд ва рушди системаҳои ҳимояти равонӣ барои коҳиши паёмадҳои баландмуддати ин бемори тамаркуз шавад.
Ҳонс Клуга мудири дафтари минтақаи созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Аврупо афзуд ин натоиҷ мубтани бар назарсанҷиҳои анҷомшуда дар фосилаи солҳои 2021 ва 2022 аст.
Гузоришҳои ҷадиди мунташиршуда тавассути созмони ҷаҳонии беҳдошт нишон медиҳад, ки донишомузони духтар бештар аз назари саломати равонӣ таҳти таъсир қарор мегиранд ва ин амр мусталзими иқдомоти фаври монанди фароҳам кардани ҳимояти беҳтар дар хона, мактаб ва фаъолиятҳои иҷтимоъӣ аст.