Март 16, 2024 10:51 Asia/Dushanbe
  • Сабти ҷаҳонии тарҳи «саломати хонавода» ба номи Эрон

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ(беҳдошт), барномаи «саломати хонавода»-ро ибтикори Ҷумҳурии Исломии Эрон донист ва бар асоси эъломи масъули минтақаи аврупоии ин созмон, ин барномаро ба номи Эрон сабт кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Баҳроми Айнуллоҳӣ-вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар ҳошияи ҳафтумин иҷлоси вазирони беҳдошти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шангхай дар Қазоқистон дар дидор бо Ганс Генри Клегг-мудири минтақаи Аврупои Созмони ҷаҳонии беҳдошт бо ишора ба иҷрои барномаи миллии саломати хонавода, меҳвари ин тарҳро хонавода донист ва гуфт: Бархилофи бисёре аз ҷомеъаҳо, ки ниҳоди хонавода коркарди аслии худро аз даст дода, дар Эрон хонавода конуни аслии тарбият, ҷомеапазирӣ ва таъмин ва беҳбуди саломат аст.

 Вазири беҳдошти Эрон бо таъкид бар тақаддуми беҳдошт бар дармон, ибрози умедворӣ кард : Равиши иҷрои барномаи миллии саломати хонавода дар Эрон битавонад улгуе барои дигар кишварҳо бошад.

 Ганс Генри Клегг низ зимни арзишманд хондани барномаи миллии саломати хонавода дар Эрон, хостори ҳамкории байниминтақаии Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва иштироки таҷрубаи муваффақи байни кишварҳои узви ин ду минтақа шуд.

 

Барчасп