Рӯҳонӣ: Эрон дар муқобила ва мудирияти корона муваффақ будааст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, омору арқоми Эрон дар муқобила ва мудирияти бемории корона дар муқоиса бо дигар кишварҳо нишон аз муваффақият дар ин замина аст.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар маросими баҳрабардорӣ аз тарҳҳои миллии вазоратҳои нерӯ ва ҷиҳоди кишоварзӣ дар устони Илом, ки аз тариқи видеоконфронс баргузор шуд, афзуд, ҷумҳурии исломӣ дар муқобила бо вируси корона, ки саросари ҷаҳонро фаро гирифтааст, вазъияти муносибе дорад. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо баёни ин ки ин кишвар дар таъмини маводи ғизоӣ ва бархе колоҳои асосӣ ба худкифоӣ расидааст, афзуд, Эрон дар панҷумин соли паёпай дар тавлиди гандум худкифо шуда, ки ин муҳим камтар собиқа доштааст.
Имрӯз бо дастури раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон баҳрабардорӣ ва иҷрои 123 тарҳи умронӣ ва тавлидии Вазорати ҷиҳоди кишоварзӣ дар устони Илом оғоз шуд.