Май 02, 2020 18:13 Asia/Dushanbe

Оморҳои расмии созмонҳои байналмиллалӣ нишон медиҳад Эрон дувумин кишвари ҷаҳон аз назари дармон ва беҳбуди мубталоён ба КОВИД19 аст.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, тибқи оморҳои расмии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Эрон баъд аз Чин беҳтарин равандро дар теъдоди беҳбудёфтагон дорад ва ҳудуди 80 дарсади мубталоён шиносоӣ шуда ба вируси корона дар Эрон то кунун беҳбуд ёфтаанд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Эрон дар ҷамъи 10 кишвари аввали бештарин теъдоди мубтало ба корона қарор дорад, мизони беҳбудёфтагони КОВИД19-и он қобили таваҷҷуҳ аст.

Чин бо ҳудуди 94 дарсад беҳбудии мубталоён дар радаи аввал қарор дорад.

Алиризо Ваҳҳобзода, мушовири вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар бораи омори беҳбудёфтагони Эрон нисбат ба кишварҳои дигар гуфт: Расидагии матлуб ба беморони корона ва омори болои беҳбуд нишон медиҳад Ҷумҳурии Исломии Эрон дар илми пизишкӣ ва дар ҳавзаи дармон пешрафти чашмгире доштааст.

Дар ҳамин ҳол Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт дар 24 соати гузашта 802 бемори ҷадид шиносоӣ шудаанд ва то кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 96 ҳазору 448 нафар дар Эрон ба КОВИД19 мубтало шудаанд.

Ҷаҳонпур ҳамчунин бо ишора ба фавти 65 нафар дар 24 соати гузашта дар Эрон гуфт: Шумори афроди фавтшуда аз бемории КОВИД19 дар кишвар ба шаш ҳазору 156 нафар расидааст.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди се миллиону 500 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод камаш 240 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд ва беш аз як миллион нафар низ беҳбуд ёфта аз бемористонҳо ҷавоб дода шуданд.