Тағйири воҳиди расмии пули Эрон
Намояндагони Маҷлиси Шурои исломии Эрон бо табдили воҳиди пулии кишвар аз риёл ба тумон мувофиқат карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, намояндагони Маҷлиси Шурои исломии Эрон дар ҷаласаи алании рӯзи душанбе чаҳоруми май барои баррасии лоиҳаи ислоҳи қонуни пулӣ ва бонкии кишвар, моддаи (1)-и ин қонунро ислоҳ карданд.
Бино бар ислоҳи воридшуда ба моддаи (1)-и қонуни пулӣ ва бонкии Эрон, воҳиди пули Эрон тумон аст ва ҳар тумон баробари 10 ҳазор риёли ҷорӣ ва баробар бо яксад қирон аст.
Моддаи (1)-и қонуни пулӣ ва бонкии Эрон дорои панҷ табсара аст, ки бино бар табсараи 1, нархи баробарии пулҳои хориҷӣ нисбат ба тумон ва нархи хариду фуруши арз тавассути Бонки марказии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чорчуби низоми арзии ҳоким ва бо риояти захираҳои арзӣ ва тааҳҳудоти кишвар дар муқобили Фонди байналмиллалии пул муҳосиба ва таъйин мешавад.
Ҳамчунин бар асоси табсараи 2-и моддаи (1)-и қонуни пулӣ ва бонкии Эрон, давраи гардиши мувозӣ ва эътибори ҳамзамони тумон ва риёл, ки дар ин қонун даврагузор номида мешавад, ҳаддиаксар се сол аст.