Май 08, 2020 19:52 Asia/Dushanbe
  • Зилзилаи Дамованд: 2 кушта ва 23 масдум

Мудири кулли мудирияти буҳрони устони Теҳрон гуфт, бар асари зилзилаи бомдоди ҷумъаи Дамованд 2 нафар кушта ва 23 нафар масдум шуданд.

Бомдоди ҷумъа заминларзае ба бузургии 5.1 риштер дар умқи 7 километрии замин, дар ҳаволии Дамованд дар устони Теҳрон рӯй дод.

Мансур Дараҷотӣ, мудири кулли мудирияти буҳрони устони Теҳрон дар бораи ҷадидтарин омори зилзилаи Дамованд афзуд, бар асари вуқӯи зилзила дар устони Теҳрон то кунун ду кушта (як марди 60 сола ҳини фирор бар асари зарба аз ноҳияи сар ва як зани 21 сола бар асари исти қалбӣ) ва 23 масдум гузориш шудааст, ки 12 нафар масдумияти ҷиддӣ надоштанд ва 11 нафар масдуми ношӣ аз тарс ё фирор дар маҳал ва ё пас аз эъзом ба марокизи дармонӣ тархис шудаанд ва ҳамакунун ҳеҷ кадом аз масдумон бистарӣ нестанд.

Мудири кулли мудирияти буҳрони устони Теҳрон гуфт, аз замони вуқӯи корона тамомии нерӯҳои имдодии устон дар омодабош ҳастанд ва бо вуқӯи зилзила низ ситоди буҳрони Дамованд ташкил шуд ва то кунун арзёбии нерӯҳои имдодӣ нишон медиҳад, заминларза хисорати маҳсусе дар пай надоштааст.

 

 

 

 

Барчасп