Омодагии Теҳрон барои тавсеаи ҳамкориҳои дифоӣ - иқтисодӣ бо Исломобод
(last modified Tue, 12 May 2020 13:45:00 GMT )
Май 12, 2020 18:45 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Теҳрон барои тавсеаи ҳамкориҳои дифоӣ - иқтисодӣ бо Исломобод

Сардори сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тамоси телефонии фармондеҳи артиши Покистон, аз омодагии Теҳрон барои тавсеаи ҳамкориҳои дифоӣ - иқтисодӣ бо Исломобод хабар дод.

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе дар гуфтугӯи телефонии генерал Қамар Ҷовид Боҷво, фармондеҳи артиши Покистон ҳамчунин бар тавсеаи иқдомоти амниятӣ дар марзҳо ва ҷилавгирӣ аз сӯиистифодаи бархе гурӯҳакҳои террористӣ ва душманони муштараки ду миллат барои эҷоди мушкил дар марзҳо таъкид кард.

Фармондеҳи артиши Покистон ҳам дар ин гуфтугӯ зимни гузориши иқдомоти муҳандисӣ ва эҷоди мавонеъ дар марзҳои муштараки ду кишвар, ба раванди рӯ ба рушди равобити низомӣ ва дифоӣ ишора ва афзоиши таомулот ва табодули ҳайатҳои коршиносӣ барои ҳифзи саботу амнияти марзҳо ва ҷилавгирӣ аз иқдомоти террористии ноамнкунандаро дар марзҳои муштарак хостор шуд.

Тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ -иқтисодӣ байни Эрон ва Покистон ба ду далел аҳамияти роҳбурдӣ дорад:

Далели нахуст, мавқеияти геополотикии минтақа ва зарфиятҳои вежае аст, ки ба воситаи ин мавқеият эҷод шудааст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон аз маҷмӯи 15 кишвари ҳамсояи худ бо чаҳор кишвар, аз ҷумла Покистон ба таври ҳамзамон дорои марзҳои заминӣ ва дарёӣ аст.

Дар ҳавзаи дарёӣ бандари Чобаҳори Эрон фурсати арзишманде барои истифодаи тиҷорӣ аст ва Эрон метавонад нуқтаи иттисол байни Шарқу Ғарб бошад. Зимни ин ки нақши Эрон аз назари таъмини энержии нафту газ ва гузаргоҳҳои марзие монанди марзи Мирҷова, мавриди таваҷҷуҳи Покистон аст.

Далели дувум, аҳамияти густариши ҳамкориҳои Эрон ва Покистон; зарурати дур кардани авомили таҳдидзо ва хадлалдоркунандаи амнияти ҷамъӣ дар минтақа аст.

Муҳимтарин авомили танишзо дар марзҳои Эрон ва Покистонро метавон дар қочоқи маводи мухаддир ва терроризм ҷустуҷӯ кард. Фаъолияти аносири террорист аз хоки Покистон алайҳи Эрон як воқеияти талх аст, ки осори он ҳамчунон идома дорад.

Хотима додан ба ин дағдағаҳо ва ноамниҳо қатъан ниёзманди иқдомоти ҷиддитаре аз сӯи Покистон аст. Ҳамон гуна, ки сарлашкар Боқирӣ ёдовар шуд, интизор меравад мақомоти артиши Покистон барои озодии се нафар аз марзбонони эронии гаравгон дар дасти гурӯҳаки террористии Ҷайшуззулм иқдоми қотеъ ба амал оваранд.

Мавзӯоте, ки дар гуфтугӯи генерал Қамар Ҷовид Боҷво ва сардори сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ мавриди таъкид қарор гирифт, аз илзомоти тавсеаи равобити амниятӣ -иқтисодии ду кишвари ҳамсоя маҳсуб мешавад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ соли гузаштаи хуршедӣ дар дидори Имрон Хон, нахуствазири Покистон ва ҳайати ҳамроҳ, дар сафар ба Теҳрон, равобити Эрон ва Покистонро бисёр амиқ ва мардумӣ донистанд ва таъкид карданд: “Нигоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Покистон нигоҳ ба як бародар дар ҳамсоягӣ аст ва бо вуҷуди ин фурсати бебадил, равобити ду кишвар бояд бисёр гармтар ва беҳтар аз вазъи мавҷуд бошад ва амнияти марзҳо иртиқо ёбад ва барномаҳои маъталмондае монанди хатти лӯлаи газ такмил шавад.