Оё коронавирус аз тариқи захм ҳам интиқол меёбад?
Муҳаққиқони Муассисаи миллии таҳқиқоти саломат ва донишкадаи беҳдошти Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон мегуянд: То кунун ҳеҷ мавриде бар асоси интиқоли коронавирус аз тариқи захм гузориш нашуда ва шавоҳиде дар ин замина вуҷуд надорад. Бо товаҷҷуҳ ба ин ки коронавируси нав як омили беморизои танаффусӣ аст метавон бо риояти нукоти беҳдоштӣ, гигиенаи шахсӣ, риояти фосилагирии иҷтимоӣ ва шустушӯи муназзами дастҳо аз ибтило ба ин беморӣ пешгирӣ кард.
Ба гузориши Беҳдоштнюз, муҳаққиқони Муассисаи миллии таҳқиқоти саломат ва донишкадаи беҳдошти Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон дар матлабе ба ин пурсиш посух додаанд, ки оё коронавируси нав аз роҳи захм вориди бадан мешавад?
Дар ин матлаб омадааст: Пуст яке аз садҳои дифоии муассир дар баробари омилҳои уфунатӣ ва сироятӣ аз ҷумла вирусҳо аст аммо замоне, ки пуст дар асари авомиле ҳамчун захм, харош ва сухтагӣ инсиҷоми худро аз даст диҳад роҳи вуруди микро-организмҳо ба даруни бадан боз мешавад. Илова бар ин ниёз аст вирусҳо ба миқдори кофӣ дар маҳал вуҷуд дошта бошанд ва ҳуҷайраҳои мавҷуд дар он ноҳия, гирандаи вирусро дошта бошанд то битавонад вориди онҳо шуда ва рушду таксир пайдо кунад.
Муҳаққиқон мегуянд: Тибқи иттилооти мавҷуд, гирандаи коронавирус дар сатҳи ҳуҷайраҳои рия, сурхраг, қалб, куллия ва рудаи кучак вуҷуд дорад ва шавоҳиде аз вуҷуди ин гиранда ба сатҳи ҳуҷайраҳои бофти пушишии пус ва ҳуҷайраҳои хунӣ вуҷуд надорад.
Бо таваҷҷуҳ ба баррасии гузоришҳои ироашуда тавассути Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар мавриди равишҳои интиқол ва вуруди ин вирус ба бадан, ҳеҷ иттилоот ва мадраке бар асоси эҳтимоли вуруди ин вирус аз тариқи захм ба бадан вуҷуд надорад. Аз онҷое, ки коронавируси нав як омили беморизои танаффусӣ аст метавон бо риояти нукоти беҳдоштӣ, гигиенаи шахсӣ, риояти фосилагирии иҷтимоӣ ва шустушӯи муназзами дастҳо аз ибтило ба ин беморӣ пешгирӣ кард.