Ноябр 14, 2023 11:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури 938 пажӯҳишгари эронӣ, дар зумраи пажӯҳишгарони пуристиноди як дарсади бартари ҷаҳон

Раиси Муассисаи истинодӣ ва поиши илму фановарии ҷаҳони Ислом (isc) аз ҳузури 938 пажӯҳишгари эронӣ дар зумраи пажӯҳишгарони пуристиноди як дарсади бартари ҷаҳон хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Сайид Аҳмади Фозилзода- раиси Муассисаи истинодӣ ва поиши илм ва фановарии ҷаҳони Ислом гуфт, дар соли ҷорӣ 938 пажӯҳишгари эронӣ дар зумраи пажӯҳишгарони пуристиноди як дарсади бартари ҷаҳон қарор гирифтанд, ки нисбат ба соли гузашта 12 дарсад рушд доштааст.

 Гуфтанӣ аст, Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ, пешрафтҳои чашмгиреро дар ҳавзаҳои мухталиф аз ҷумла илм касб кардааст.

 Пешрафтҳои илмӣ ва технологӣ Эронро дар минтақаи ғарби Осиё саромад кардааст ва дар ҷаҳон низ кишварҳои султагари ғарбӣ ба ин бовар расидаанд, ки бо вуҷуди ҳамаи таҳримҳо ва душманиҳо, Эрон масири пешрафтро ба суръат тай мекунад.

 Гуфтанӣ аст 2 дарсади илми ҷаҳон дар Эрон тавлид мешавад.

 

 

Барчасп