Ошиқон идатон муборак бод!
Дар Эрон, Тоҷикистон ва бисёре дигар аз кишварҳои ҷаҳон якшанбе аввали моҳи шаволи соли 1441 ҳиҷрии қамарӣ ва 24 май, иди саиди Фитр аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар фарҳанги исломӣ, нахустин рӯзи моҳи шаввол рӯзи иди Фитр ва ҷашни бозгашт ба фитрат аст, зеро мусулмонони рӯзадор дар тули моҳи мубораки Рамазон бо ибодати Худованд ва истиғфор аз гуноҳон, олудагиҳои зоҳирӣ ва ботиниро аз руҳ ва ҷони худ зудудаанд ва ба фитрати воқеии хеш баргаштаанд.
Имсол ба далели густариши коронавирус дар Тоҷикистон ва бархе кишварҳои дигар намози иди саиди Фитр баргузор намешавад.
Дар Эрон бино бар эъломи Ситоди миллии муқобила бо коронавирус, дар шаҳрҳое, ки вазъияти он сафед ва камхатар ташхис дода шудааст намози иди Фитр баргузор хоҳад шуд.