Мухолифати Пекин бо таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Эрон ва ҳомиёнаш
-
Лин Ҷиан, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин
Порс Тудей - Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин таъкид кард Пекин ҳар гуна иқдоми якҷонибаи Амрико алайҳи кишварҳое, ки аз Эрон ҳимоят мекунандро ғайриқонунӣ медонад.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Лин Ҷиан, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин дар як нишасти хабарӣ ва дар вокуниш ба изҳороти Скотт Бессент, вазири хазинадории Амрико дар бораи афзоиши фишор бар кишварҳои ҳомии Эрон гуфт: «Бори дигар таъкид мекунам, ки Чин бо таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунӣ, ки ҳеҷ мабное дар ҳуқуқи байналмилал надоранд ва ба таъйиди Шӯрои Амнияти Созмони Милал нарасидаанд, мухолиф аст.»
Ӯ афзуд: «Пекин аз ҳамаи тарафҳои муртабит мехоҳад масъулона рафтор кунанд ва масоилро аз тариқи роҳкорҳои сиёсӣ ва дипломатик ҳал кунанд.»
Лин Ҷиан ҳамчунин таъкид кард таҳримҳо ва фишорҳои низомӣ на танҳо ба ҳалли мушкилот кӯмак намекунанд, балки сабаби ташдиди танишҳо мешаванд ва идомаи таниш ва ташдиди даргириҳо ба нафъи ҳеҷ як аз тарафайн нест.