Масҷидҳо дар Эрон бозгушоӣ мешавад
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз бозгушоии масҷидҳо барои намозҳои рӯзона бо тасмими Ситоди миллии мудирияти муқобила бо корона дар саросари Эрон хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҷаласаи видеоконфронси ситоди миллии муқобила бо корона, ки бо ҳузури аъзоии ситод ва раисони вилоятҳои саросари Эрон баргузор шуд гуфт: Бозгушоии масҷидҳо хости мутадайинин ва ҳамаи мардуми кишвар буда ва онҳо мехостанд масҷидҳо лоақал агар барои ҳамаи умур боз нест, барои намозҳои рӯзона боз бошад.
Рӯҳонӣ гуфт: Ин дастуруламал марбут ба минтақаҳои сафед (камхатар) нест ва дар саросари кишвар масҷидҳо бо риояти дастуруламалҳои беҳдоштӣ, барои намозҳои рӯзона боз мешавад.
Бо ин ҳол раиси ҷумҳури Эрон таъкид кард: Бозгушоиҳо ба маънои он нест, ки хатароте, ки вуҷуд дошта коҳиш пайдо карда, балки ба маънои ин аст, ки бояд корҳои рӯзонаро то ҷое, ки имконпазир аст бо риояти протоколҳои беҳдоштӣ анҷом дод.
Рӯҳонӣ ҳамчунин гуфт: Мо ба ин зудӣ наметавонем ба шароити қабл аз корона баргардем ва ин бидон маъно аст, ки бояд муддате тӯлонӣ сабки зиндагиямонро иваз кунем ва маҳдудиятҳоро бипазирем.