Манбаъҳои хабарӣ : Садҳо саҳюнист ба Масҷидулақсо юриш бурданд
Июн 02, 2025 12:45 Asia/Dushanbe
Порстудей - Манбаъҳои хабарӣ аз юриши рӯзи душанбеи шумори зиёде аз шаҳракнишинони саҳюнист ба Масҷидулақсо хабар дода ва эълом карданд, ки саҳюнистҳо дар ин юриш ҳурмати Масҷидулақсоро вайрон карда ва иқдомоти таҳрикомез анҷом доданд .
Манобеи маҳаллӣ дар Қудси ишғолӣ эълом карданд, ки беш аз панҷсад шаҳракнишин то кунӯн ба Масҷидулақсо юриш бардаанд ва ин таъаррузу юриш таҳти ҳимояти низомиёни режими саҳюнистӣ анҷом шудааст . Ин манобеъ афзуданд : Шаҳракнишинони саҳюнист маросими мазҳабии худро дар дохили бахши қадимии Қудс ва вурудии Масҷидулақсо анҷом доданд ва даҳҳо шаҳракнишин низ дар миёни ҳимояти низомиёни ишғолгар вориди Масҷидулақсо шуданд .
Барчасп