Худоё! Куфр намегӯям, парешонам
Июн 06, 2020 11:39 Asia/Dushanbe
Шеъре мансуб ба доктор Алии Шариатӣ (нависанда, мутафаккир ва ҷомеашинос), ки аз Худо гила мекунад ва шоире ба он посух медиҳад....
Худоё! Куфр намегӯям,
Парешонам,
Чӣ мехоҳӣ ту аз ҷонам?!
Маро бе он, ки худ хоҳам, асири зиндагӣ кардӣ......
Манам зебо,
Ки зебо бандаамро дӯст медорам,
Ту бикшо гӯши дил, парвардигорат бо ту мегӯяд......