Оғози сафари раисҷумҳури Эрон ба шарқи Осиё
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i5431-Оғози_сафари_раисҷумҳури_Эрон_ба_шарқи_Осиё
Раисҷумҳури Эрон дар нахустин марҳала аз сафар ба минтақаи шарқи Осиё, озими Ветнам шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 05, 2016 10:51 Asia/Dushanbe
  • Оғози сафари раисҷумҳури Эрон ба шарқи Осиё

Раисҷумҳури Эрон дар нахустин марҳала аз сафар ба минтақаи шарқи Осиё, озими Ветнам шуд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон имрӯз чаҳоршанбе қарор аст, дар Ветнам бо Чан Дай Куонг, раисҷумҳури ин кишвар дидор ва дар нишасте муштарак, роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ дар арсаҳои мавриди алоқаи дутарафро мавриди баҳсу табодули назар қарор диҳад .

Музокираи ҳайъатҳои олирутба ва ҳамчунин имзои чанд санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар аз дигар барномаҳои сафари ду рӯзаи раисҷумҳури Эрон ба Ханой аст .

Раисҷумҳурии Эрон ҳамчунин дар идомаи сафар ба минтақаи Осиёи Ҷануби Шарқӣ, рӯзи ҷумъа ва пас аз поёни сафари расмӣ ба Ветнам, озими Куалалумпур, пойтахти Малайзия мешавад.

Рӯҳонӣ дар муддати иқомати худ дар Куалалумпур бо мақомҳои аршади Малайзия дар хусуси равобити дуҷониба, аз ҷумла дар арсаҳои мухталифи иқтисодӣ ва ҳамкориҳои санъатӣ ва технологӣ гуфтугӯ хоҳад кард‎.‎

Раисҷумҳури Эрон дар охирин марҳала аз сафари худ ба минтақаи Осиёи Ҷануби Шарқӣ ва барои ширкат дар дуввумин Иҷлоси сарони маҷмаи гуфтугӯи ҳамкориҳои Осиё ACD, роҳии Банкок, пойтахти Тайланд мешавад.  

Қарор аст, Рӯҳонӣ дар дуввумин Иҷлоси сарони маҷмаи гуфтугӯи ҳамкориҳои Осиё (ACD), ки муташаккил аз 34 кишвари осиёӣ аст, зимни суханронӣ мавозеи Эронро табйин ва дар ҳошияи иҷлос бо мақомҳои аршади теъдоде аз кишварҳо дидор кунад .

Ин иҷлос бо ҳадафи рушду тавсеа дар қорраи Осиё, 8 то 10-и октябр дар Банкок баргузор мешавад‎.‎

Маҷмаи гуфтугӯи ҳамкории Осиё соли 2002 дар ҷиҳати таомули наздиктари иттиҳодияи иқтисодии Аврупо ва Осиё, Шӯрои ҳамкории кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс, Анҷумани милали Осиёи Ҷануби Шарқӣ ва иттиҳодияи кишварҳои Ҷануби Шарқи Осиё (ASEAN) таъсис шуд‎.