Оғози роҳпаймоии 22 баҳман/ Ҳузури мардум дар хиёбонҳои Теҳрон
(last modified Mon, 10 Feb 2025 06:56:57 GMT )
Феврал 10, 2025 11:56 Asia/Dushanbe
  • Оғози роҳпаймоии 22 баҳман дар Эрон
    Оғози роҳпаймоии 22 баҳман дар Эрон

Роҳпаймоии бузургдошти чиҳилушашумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ дар саросари Эрону пойтахт оғоз шуд.

Саҳоб. Субҳи имрӯз - душанбеи 22 баҳмани 1403 (10 феврал) роҳпаймоии чиҳилушашумин солрӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ дар саросари кишвар ва ҳамчунин масирҳои 12-гона дар Теҳрон оғоз шуд.

Мардуми Теҳрон аз оғозини дақоиқи имрӯз дар хиёбонҳои мунтаҳӣ ба майдони озодӣ, маҳалли баргузории маросими солгарди пирӯзии инқилоб ҳузур ёфтаанд.

Қарор аст Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳур дар маросими майдони Озодӣ ба суханронӣ бипардозад. Ҳамчунин шиори аслии Даҳаи Фаҷри имсол ба муносибати тақорун бо айёми мелоди ҳазрати Маҳдӣ (а) аз сӯи Шӯрои ҳамоҳангии таблиғотии исломӣ «Ҳузур то зуҳур» таъйин шудааст.

Ҳамчунин иҷрои гуруҳи суруди 1357 нафарии донишомӯзон низ аз дигар бахшҳои барномаи тадорукдидашуда аст.

Дар масирҳои роҳпаймоӣ ва хусусан хиёбони Инқилобу Озодӣ истгоҳи пазироӣ, хидматрасонӣ ва ироаи хадамот аз сӯи дастгоҳҳои мухталиф низ барпо шуда то дар канори ин гирдиҳамоии миллӣ, ба ҳамватанон хадамот ироа кунанд.

Ин маросим дар тамомии шаҳрҳо, шаҳристонҳо ва рустоҳои Эрон баргузор мешавад ва 7200 хабарнигору аккос ин рӯйдоди бузурги миллиро пӯшиш медиҳанд.